6 август дар доираи нақшаи чорабиниҳо дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳри Истаравшан баргузор карда шуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби деҳқонони ноҳия ба сокинону меҳмонони пойтахт картошка, пиёз, сабзӣ, карам, помидор, бодиринг, себ, ангур, шафтолу, зардолу, харбуза, тарбуз, гӯшти гов, меваи хушк, лӯбиёгиҳо ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ бо нархҳои нисбат ба бозор арзон пешниҳод гардиданд.
Ногуфта намонад, ки шаҳри Истаравшан дар баробари намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бегоҳӣ аз соати 17:00 то 20:00 намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии худро дар боғи мазкур баргузор намуд.
Тазаккур бояд дод, ки намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе аз 1 июл оғоз гардида, то 3 сентябр идома меёбанд.