НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ намояндагиҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъсис ёфтаанд

Бо мақсади татбиқи таълими  дуалӣ ва таъмини ҳамбастагии илм бо истеҳсолот кафедраҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон  дар корхонаву муассисаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ  филиалҳо ва намояндагиҳои худро таъсис додаанд. Дар ин хусус ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод.

 Мавсуф афзуд, ки дар ин самт минбаъд низ корҳо амалӣ  мешаванд.

Таъкид шуд, ки соли  равон бо мақсади татбиқи амалии  сиёсати иҷтимоии мамлакат бо ибтикори раёсати донишгоҳ бори аввал Намоишгоҳ-ярмаркаи ҷойҳои кории холии корхонаву муассисаҳо бо иштироки беш аз 60 корхонаву ташкилоти истеҳсоливу хизматрасонии мамлакат бо пешниҳоди беш аз 300 ҷойи кори холӣ доир шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»