Дар шаҳри Ҳисор коргоҳи хурди дӯзандагӣ барои маъюбон ба истифода дода шуд

Дар партави ғамхорию дастгирии Пешвои миллат нисбат ба шахсони имконияташон маҳдуд дар маркази шаҳри Ҳисор барои занону духтарони маъюб коргоҳи хурди дӯзандагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки коргоҳи дӯзандагӣ бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Иттиҳоди миллии маъюбони Тоҷикистон, дастгирии Ассотсиатсияи кумак ва дастгирии Ҷопон дар Тоҷикистон ва маъмурияти бозори «Самоҳ» бунёд гардида, бо таҷҳизоти дӯзандагӣ таъмин гардидааст.

Ҳамзамон дар шаҳр барои раиси Иттиҳодияи миллии маъюбони шаҳр утоқи корӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Дар маросими ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ ва ба истифода додани утоқи корӣ ба раиси Иттиҳодияи миллии маъюбони шаҳр муовини якуми Раиси шаҳри Ҳисор, раиси Иттиҳоди миллии маъюбони Тоҷикистон, намояндаи Ассотсиатсияи кумак ва дастгирии Ҷопон ва директори бозори «Самоҳ» иштирок намуданд.

Таъкид шуд, ки ба истифода додани коргоҳи дӯзандагӣ барои бо кор таъмин шудани духтарон ва беҳдошти вазъи иҷтимоии онҳо мусоидат менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор