Як гурӯҳ таълимгирандагони Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» ҷиҳати иштирок дар Форуми якуми байналмилалии фарҳангии кӯдакон, ки 24-28 август дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия баргузор мегардад, ба ин шаҳр сафар намуданд. Дар форуми мазкур зиёда аз 1,5 ҳазор нафар кӯдакону наврасон аз тамоми минтақаҳои Федератсияи Русия ширкат варзида, дар он намояндагони 10 кишвар иштирок менамоянд.