Дар шаҳри Ҳисор таҳти унвони «Бозори ҳунармандон» даври шаҳрии Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» оғоз гардид.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ додааст.
Кишоварзону саноатчиён, косибону зардӯзон, чеварону дуредгарон, кадбонуҳою қаннодон ва намояндагони дигар касбу ҳунарҳои мардумӣ аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва муассисаҳои таълимӣ намунаҳои дастранҷи худро ба маърази тамошои ҳакамони озмун гузоштанд.
Ҳамзамон дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор барномаи фарҳангии омоданамудаи ғолибоне, ки ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтаанд, доир гардид. Санъаткорону ҳаваскорон дар 12 номинатсия ҳунарнамоӣ карда, маҳорати баланди касбӣ нишон доданд.
Иброз гардид, ки озмуни мазкур барои баланд бардоштани маърифати фарҳангии шаҳрвандон ва дарёфти чеҳраҳои нав дар ҷодаи ҳунару фарҳанг ба роҳ монда шудааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор