Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Дастархонороӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар медиҳад.
Дар озмуни мазкур роҳбарияти шаҳри Бӯстон ва фаъолзанони вилояти Суғд иштирок намуданд.
Иброз дошта шуд, ки тибқи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ барои соли 2023 дар мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Дастархонороӣ» доир мегардад.
Ҳадафи озмуни мазкур- татбиқи муваффақонаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.
Дар озмуни мазкур масъулони тарабхонаву муассисаҳо ва аҳолӣ иштирок намуда, ҳайати ҳакамон ба дастархонҳои ороста баҳо гузоштанд.
Ба ғолибон туҳфаву дипломҳои дараҷавии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон тақдим шуда, ғолиби ҷойи аввал ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифт.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон