Имрӯз дар шаҳри Душанбе мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов баргузор гардид, ки дар он самтҳои гуногуни ҳамкорӣ баррасӣ шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар ҷаласа таъкид шуд, ки давоми солҳои охир дар доираи сиёсати созандаи сарони давлатҳо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев рушди муносибатҳои дуҷониба таъмин гардид.

Ҳамзамон ҷонибҳо бо мақсади иҷрои супоришҳои сарони давлатҳо ба таҳкими минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои энергетика, тиҷорат, нақлиёт, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва дигар самту соҳаҳо ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

Амалигардонии нақшаҳо ва дар ҳамин замина таҳкими робитаҳо тавасути истифодаи захираҳои табиӣ дар соҳаи энергетика ба манфиати ҳарду давлати ба ҳам дӯсту бародар мебошад.

Сарвазирони Тоҷикистон ва Узбекистон амалишавии ҳадафҳои Роҳбарони давлатҳоро ҷиҳати равнақи ҳамкориҳо барои ҳарду ҷониб самарабахш донистанд.

Дар доираи фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ рушди дучанди робитаҳо байни Тоҷикистон ва Узбекистон таъмин карда мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»