Тоҷикистон ва Узбекистон ҷиҳати татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ оид ба мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсия нақшаи чорабиниҳоро барои солҳои 2023-2024 ба имзо расониданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи мамлакат.
Нақшаи мазкур 25 ноябр дар Душанбе зимни мулоқоти Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода ва Сардори Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Узбекистон Дилшод Раҳимов ба имзо расид.
«Ҷонибҳо зимни мулоқот ба ташкили фазои мусоид ва тақвияти ҳамкорӣ ҷиҳати муқовимат ба коррупсияи фаромиллӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, дар ин замина нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ миёни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Узбекистон дар самти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсия барои солҳои 2023-2024-ро ба имзо расониданд», — гуфта мешавад дар иттилоияи Агентӣ.
Таъкид гардид, ки ба имзо расонидани нақшаи мазкур барои беҳтар намудани ҳамкории мутақобилаи судманд шароити мусоид фароҳам меорад.
Дар фарҷом ҷонибҳо барои тақвият бахшидани ҳамкории дуҷониба изҳори умедворӣ карданд.
АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ