Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкориро дар муқовимат бо коррупсия таҳким мебахшанд

Тоҷикистон ва Арабистони  Саудӣ ҳамкориро дар муқовимат бо коррупсия таҳким мебахшанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар.

Масъалаи мазкур 19 декабр дар Ҷидда зимни мулоқоти Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода ва Раиси Хадамоти назорат ва мубориза бо коррупсияи Арабистони Саудӣ Мазин ибни Иброҳим Ал-Каҳмус мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар мулоқот ҳамчунин ҳолат ва дурнамои ҳамкорӣ миёни ду мақомот баррасӣ шуда, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки робитаҳои байниидоравӣ дар доираи санади ҳамкории муштарак ба танзим дароварда шаванд.

Зикр гардид, ки тавофуқоти дар ҷараёни гуфтушунидҳои дуҷониба ҳосилшуда ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории ду мақомоти бо коррупсия муборизабаранда заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Ёдовар мешавем, ки Сулаймон Султонзода ҷиҳати иштирок дар якумин вохӯрии роҳбарони ниҳодҳои марбутаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ оид ба мубориза бо коррупсия дар Ҷидда қарор дорад.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ