Миёни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Озарбойҷон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

15 декабр дар шаҳри Душанбе Созишномаи ҳамкорӣ миёни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар самти муқовимат ба коррупсия ба имзо расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии мазкур хабар медиҳад.

Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкории мутақобилан судманд дар  самти мубориза бо коррупсия баррасӣ шуда, ҷонибҳо мулоқоти имрӯзаро барои тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ назаррас арзёбӣ намуданд.

Дар ин замина бо мақсади татбиқ, нигоҳдорӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат, пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Зимни баимзорасонии созишномаи мазкур ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки барқарорсозии ҳамкории мутақобилан судманд миёни мақомоти марбута минбаъд ба таҳкими муносибатҳои дӯстонаи ду мамлакат мусоидат намуда, ба тақвият бахшидани неруҳои бар зидди коррупсия муборизабаранда таъсири мусбат мерасонад.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон