Дастовардҳои Тоҷикистон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид муаррифӣ шуданд

Дирӯз ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар форуми сатҳи вазирон оид ба рушди устувор доир ба мавзуи «Фароҳам овардани имконият барои гузаронидани саммити Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ)» иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар  Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Гуфта шуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон давоми 5 соли охир новобаста ба таъсири омилҳои берунӣ дар натиҷаи амалӣ намудани ислоҳоти иктисодӣ, барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои зиддибуҳронӣ дар самти татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ба якчанд дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Изҳор гардид, ки дар ин давра рушди миёнасолонаи иқтисодӣ дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, даромадҳои пулии аҳолӣ 2,1 маротиба, музди меҳнат 1,5 маротиба ва нафақа 1,3 маротиба афзоиш ёфт. Инчунин дастрасӣ ба оби нӯшокӣ, маориф, тандурустӣ ва неруи барқ беҳтар гардид. Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 31 фоизи 2019 то 19,5 фоизи соли 2022 коҳиш ёфт.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар масъалаҳои глобалии об ва иқлим пешсаф буда, ташаббуси 5 — уми глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо қатъномаи Ассамблеяи генералӣ якдилона қабул гардид ва 21 март Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардид.

Тасмими ҷиддии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалӣ намудани Ҳадафҳои рушди устувор таъкид гардида, аз намояндагони давлатҳои аъзо ва ташкилоти байналмилалии молиявӣ дархост гардид, ки кумаку дастгириҳои молиявию техникиро барои ноил гардидан ба ҳадафҳои рӯзномаи 2030 зиёд намоянд.

АКС: Вазорати рушди иқтсод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон