17 майи соли 2023 зимни мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ Ҷин Лисун дар Пекин изҳор гардид, ки Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, маъданҳои фоиданок, маблағгузории минбаъдаи рушди «инфрасохтори сабз» дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, манзиливу коммуналӣ, хизматрасонӣ ва идораи шаҳр тамоми имконият ва захираҳоро дорад. Барои амалӣ намудани ин иқдомҳо ноиби президенти ин бонк Лудгер Шукнехт вориди Тоҷикистон шуд. Дар ин робита мусоҳибаи хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Лудгер Шукнехт дар бораи ҳадафи сафар, нақшаҳои минбаъда ва амалишавии лоиҳаҳо пешниҳоди хонандагон мегардад.
АМИТ «Ховар»: Лутфан, каме дар бораи Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ, ҳадафи сафари шумо ба Тоҷикистон ва лоиҳаҳои амалишаванда маълумот медодед.
Лудгер Шукнехт: Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ як бонки бисёрҷонибаи рушд аст, мисли Бонки ҷаҳонӣ. Идораи марказии бонк дар Пекин ҷойгир аст. Ҳадафи асосии бонк баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва мусоидат ба шукуфоии кишварҳои узв мебошад. Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ як ниҳоди бисёрҷонибаи рушд аст, ки ҳадафи он ҳавасмандгардонии ҳамкории молиявӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, маблағгузории лоиҳаҳои зерсохторӣ дар Осиё аз сохтмони роҳҳо ва фурудгоҳҳо то мавҷгирҳои алоқа ва манзилҳои дараҷаи эконом мебошад. Дар ҳоли ҳозир беш аз 80 давлат узви ин бонк мебошанд.
Таваҷҷуҳи асосии бонк ба маблағгузории i4t (infrastructurefortomorrow- инфрасохтор барои оянда) дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ равона гардидааст. i4t — сармояи нав, технологияҳои нав ва роҳҳои нави мубориза бо тағирёбии иқлимро дарёфта, Осиё ва ҷаҳонро мепайвандад. Бонк аз оғози таъсисаш дар соли 2015 212 лоиҳаро ба маблағи 40,37 миллиард доллар амалӣ намудааст.
Мақсади сафар ба ҷумҳурии шумо ҳамкории мо бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақвияти минбаъдаи он, инчунин баррасии афзалиятҳои кори муштарак бо ҳукумат мебошад.
АМИТ «Ховар»: Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ дар ояндаи наздик кадом лоиҳаҳоро дар Тоҷикистон амалӣ карданист ва кадом лоиҳаҳо аллакай амалӣ шуданд?
Лудгер Шукнехт: Дар ҳоли ҳозир 2 лоиҳа дар Тоҷикистон амалӣ гашта истодааст: яке барои сохтмони роҳ ва дигаре барои таҷдиди нерӯгоҳи барқи обӣ. Яке аз лоиҳаҳо аллакай ба анҷом расидааст. Мо ҳамчунин бо шарикони тоҷик лоиҳаҳои дигар ва имкони татбиқи лоиҳаҳои нав дар соҳаи энергетика ва нақлиётро дар оянда баррасӣ кардем. Нахустин лоиҳаи бузург дар Тоҷикистон «Беҳсозии роҳ дар марзи Тоҷикистону Узбекистон» аст. Ҳадафи лоиҳа беҳбуди пайвастшавӣ ва ҳаракат дар қисмати тоҷикии шабакаи шоҳроҳи Осиё ва Долони 3-и минтақавии ҳамкории иқтисодии Осиёи Марказӣ мебошад. Ҳаҷми маблағгузорӣ барои ин лоиҳа 27,5 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Лоиҳа як ҷузъи барқарорсозӣ ва навсозии роҳ ва ҷузъи хидматрасонии машваратиро барои таъмини назорати сохтмон дар бар мегирад. Лоиҳаи муфассали муҳандисии қисмати корҳои роҳ ба анҷом расид. Доираи ин амалҳоро дар бар хоҳад гирифт:
-Сохтмони гузаргоҳи 3 –сатҳаи нақлиётӣ ва гузаргоҳҳои зеризаминии пиёдагардон дар ҳалқаи 82;
-Сохтмони гузаргоҳи 3- сатҳаи нақлиётӣ дар ҳалқаи Авитсена;
-Сохтмони ду гузаргоҳи дуқабата дар чорроҳаҳои асосии роҳҳои маҳаллӣ;
-Васеъ кардани роҳи Лоиҳа ба 4 хатти ҳаракати нақлиёт
-ободонии роҳҳои ҳамсояи чорроҳа;
-Таҷдиди роҳравҳо
-Сохтмони якчанд гузаргоҳи пиёдагардон
Лоихаи дуюм: «Навсозии ГЭС-и Норак, марҳалаи I». Мақсади лоиҳа таҷдид ва барқарор намудани иқтидори тавлидкунандаи се агрегати неругоҳи «Норак», баланд бардоштани самаранокии онҳо ва баланд бардоштани бехатарии НБО-и «Норак» мебошад.
Муносибати марҳилавӣ аз набудани маблағгузории умумӣ барои анҷом додани тамоми корҳои барқарорсозӣ вобаста аст. Лоиҳа, ки марҳилаи 1-и барқарорсозӣ мебошад, аз якчанд ҷузъҳо иборат аст. Аз чумла, аз нав барқарор намудани стансияи электрикӣ ва иваз кардани автотрансформаторҳо. Ин ҷузъ (i) иваз ва таъмири таҷҳизоти механикӣ, барқӣ ва электромеханикӣ ва корҳоеро, ки барои барқарорсозии НБО-и «Норак» заруранд; (ii) дар бар мегирад.
Ҷузъи дуюм бехатарии сарбанд мебошад. Он тадбирҳо оид ба беҳтар намудани бехатарии истифодаи нерӯгоҳи «Норак»-ро дар бар мегирад.
Кӯмаки техникӣ. Ин қисмат ба татбиқи лоиҳа мусоидат намуда, иқтидори институтсионалии «Барқи тоҷик»-ро тақвият медиҳад.
АМИТ «Ховар»: Стратегияи асосии Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ дар Тоҷикистон аз чӣ иборат аст?
Лудгер Шукнехт: Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ дар Тоҷикистон иқтидори бузург ва имкони доштани барномаи диверсификатсия ва мутавозини кор дар минтақаро дар чунин соҳаҳо, аз қабили тавлиди нерӯи барқ, интиқол ва тақсимот, энергияи офтобӣ, дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия, самаранокии энергия, таъмини об ва санитария, ирригатсия, роҳҳо, нақлиёти электрии ҷамъиятӣ, барқарор намудан ва электриконидани роҳҳои оҳан медонад.
АМИТ «Ховар»: Лутфан, таассуроти худро дар бораи Тоҷикистон баён медоштед.
Лудгер Шукнехт: Таъкид кардан мехоҳам, ки дар Тоҷикистон моро аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сокинон хеле гарму ҷӯшон истиқбол намуданд. Мардуми ин сарзамин хеле меҳмондӯстанд. Мо имконият пайдо кардем, ки шаҳри Душанберо тамошо кунем. Таъомҳои миллии тоҷикиро тановул кардем, ки хеле писандамон гардид. Мо аз Узбекистон бо нақлиёти сабукрав омадем ва ин сафар ба мо имкон дод, ки зебоиҳои табиии Тоҷикистонро аз наздик бубинем.
Кӯҳҳо, дарёҳои мусаффо ва табиати зебою нотакрори Тоҷикистон на танҳо дилрабову мафтункунанда аст, балки барои мо барои ҳамкории минбаъда имкониятҳои нав мекушоянд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»