20 июли соли 2023 дар мавзуи «Рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон: дастовард ва мушкилот (омӯзиши таҷрибаи Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон)» дар шаҳри Хоруғ баргузории Конференсияи илмӣ-амалӣ дар назар аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар конференсияи мазкур масъалаҳои зерин, аз ҷумла афзалиятҳои соҳаи сайёҳӣ дар вилоят, обҳои шифобахш омили рушд, тақвияти неруи инсонӣ, таъминоти кадрӣ ва шуғли пурмаҳсул, маконҳои таърихиву фарҳангӣ -муаррифии вилоят, рушди сайёҳии куҳнавардӣ ва шикор, нақши ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва роҳҳои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баррасӣ карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 17 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба баргузории конференсияи мазкур доир гардид, ки масъалаи дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани он баррасӣ гардид.
Тазаккур дода шуд, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, бо рӯдҳо ва дарёчаҳои шӯх, кӯлҳо, кӯҳҳо ва манзараҳои беҳамто дар ҷаҳон шуҳрат пайдо кардааст.
Мавҷудияти ҷойҳои таърихиву табобатӣ, аз қабили кӯли Сарез, Гармчашма, Авҷ, Ямчун, Ҷелондеҳ, Бибӣ Фотимаи Зуҳро, қаторкӯҳҳои баландтарин дар ҷаҳон ва пиряхҳои Помир ба рушди сайёҳии минтақа мусоидат менамоянд.
Бояд гуфт, ки сайёҳӣ дар ҷаҳон яке аз аз соҳаҳои даромадноки иқтисодиёти ҳар давлат маҳсуб шуда, бо назардошти муҳимияти соҳа ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ будани мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир барои рушду пешрафти ин соҳа тадбирҳои муассир меандешад.
АКС аз манбаъҳои боз