Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси илмӣ – амалӣ дар мавзӯи «Имкониятҳои сайёҳии Душанбе: таҳияи хатсайрҳо ва таъмини устувории онҳо» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар конфронси мазкур намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату идораҳо, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, ноҳияҳои пойтахт, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, осорхонаҳо, боғу гулгаштҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, коршиносони соҳа ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод доир ба имкониятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе, муаррифии онҳо ва ташкили хатсайрҳои дохилишаҳрӣ ибрози назар намуданд.
Гуфта шуд, ки бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардиданд. Дар ин давра бо мақсади ободу зебо намудани иншооти истироҳатию фароғатӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинону меҳмонони пойтахт бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ якчанд тадбирҳои нав рӯи кор омаданд. Аз ҷумла, дар пойтахт 5 боғи нав – боғҳои фарҳангию фароғатии «Алишер Навоӣ», «Куруши Кабир», «Ҷавонон», «Аҳмади Дониш» ва «Восеъ» сохта шуда, 6 боғ – боғҳои фарҳангию фароғатии «С.Айнӣ», «Кӯли Ҷавонон», «Абулқосим Фирдавсӣ», «Хайём», «Кӯдакон» ва «А.Мироненко» пурра навсозӣ гардиданд, ки дар рушди соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Таъкид гардид, ки имрӯз Душанбе на танҳо маркази маъмуриву сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии мамлакат гардидааст, балки ба шаҳри воқеии сайёҳиву фароғат табдил ёфтааст.
Дар идомаи конфронс аз ҷониби мутахассисон ва муҳаққиқону коршиносон маърӯзаҳои илмӣ шунида шуд.
Баён шуд, ки раванди сиёсати ободкорӣ, созандагиҳо ва бунёдкориҳои бемислу нотакрор гардиш ва таҳавуллоти сарнавиштсозро дар масири шаҳрсозиву шаҳрдорӣ ба амал оварда, дар ин замина низоми густурда ва муҳити мусоиди рушди сайёҳии пойтахт ба вуҷуд омадааст.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки имкониятҳои хизматрасонӣ дар соҳа густариш ёфта, инфрасохтори мухталифи хизматрасонӣ бо назардошти меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардидааст, ки ҳамарӯза талаботи ҳазорҳо сайёҳони дохилию хориҷиро қонеъ менамоянд.
Дар фарҷоми конфронс иштирокдорон оид ба мавзуи мавриди назар ибрози андеша намуда, таклифҳо доир ба таҳияи хатсайрҳои сайёҳӣ ва таъмини устувории онҳо дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе пешниҳод карда шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе