Аз 1 июл маоши вазифавии кормандони ташкилотҳои соҳаи маориф, илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба андозаи 20 фоиз зиёд гардид

Аз 1 июли соли равон  маоши вазифавии кормандони ташкилотҳои соҳаи маориф, илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендия (ба ғайр аз стипендияҳои президентӣ ва курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон), нафақаи заминавӣ ва нафақаҳои дигари амалкунанда ба андозаи 20 фоиз зиёд гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Зиёд гардидани маош дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми феврали соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия»  амалӣ гардид.

Бояд тазаккур дод, ки дар асоси ҳамин фармон аз 1 марти соли 2023 маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 25 фоиз ва кормандони дигари ин мақомот ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шуд.

Дар  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  23 декабри соли 2022 зиёд намудани маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони муассисаҳои соҳаи маориф, илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, андозаи нафақа ва стипендия аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим барои  беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ арзёбӣ гардида буд.

АКС: АМИТ «Ховар»