Дар вилояти Суғд «Озмуни дастархонороӣ» гузаронида мешавад

Бо мақсади эҳёи таомҳои миллӣ моҳи июл дар вилояти Суғд «Озмуни дастархонороӣ» гузаронида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Даври вилоятии озмун ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади эҳёи таомҳои миллӣ, фарҳанги рузгордорӣ, бо сифати баланд ва харҷи кам оростани дастархон дар тӯю маъракаҳо гузаронида хоҳад шуд.

Ғолибони озмун бо мукофотҳои пулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ, 3000 сомонӣ, 2000 сомонӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда мешаванд.

АКС аз манбаъҳои боз