Дар рӯзи дуюми «Qazaqstan Barysy Grand Slam 2023» оид ба ҷудо дар Остона варзишгари Тоҷикистон Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81 кг сазовори медали тилло гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар финал Сомон Маҳмадбеков бар Шмидт Гилерме аз Барлизия ғолиб омад.
Пагоҳ, 18 июн дар рӯзи охири мусобиқа Умедҷон Раҷабов (дар вазни -90 кг), Исроил Раҳимов (дар вазни -100 кг), Темур Раҳимов (дар вазни +100 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (дар вазни +100 кг) Тоҷикистонро намояндагӣ менамоянд.
Фонди умумии ҷоизаҳо 150 000 евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 5 000 евро, барандагони медали нуқра 3 000 евро ва медали биринҷӣ 1 500 евро ҷоизапулӣ мегиранд.
АКС аз манбаъҳои боз