Дар доираи сафари давлатии Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Олӣ Сонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар дар соҳаи ҳифзи ҳайвоноти ваҳшии зери хатари нобудшавӣ қарордошта ва муҳити табиии онҳо ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Санади мазкур ҳамкории ду давлатро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла муҳофизати ҳайвоноти ваҳшӣ ва растаниҳои зери хатари нобудшавӣ қарордошта, ҳифзи муҳити зист, парвариши лочин, мубодилаи стратегия ва таҷриба дар соҳаи қонунгузории экологии вобаста ба шикори танзимшаванда ва назорати меъёрҳои онҳоро густариш медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки дар доираи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 15 санади нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба имзо расонида шуд, ки онҳо дар тақвияти ҳамкории Тоҷикистону Қатар нақши муассир хоҳанд гузошт.
Ёдовар мешавем, ки лочин (Falco peregrinus), паррандаи соҳибчанголест (аз оилаи Falconidae), ки дарозии танаш 40—50 см ва вазнаш 500—1000 граммро ташкил медиҳад.
Дар Тоҷикистон ин парандаро дар қаторакӯҳҳои Ҳисор, Боботоғ, Оқтоғ ва ноҳияҳои ба онҳо ҳамшафат вохӯрдан мумкин аст.
Лочин дар Осиёи Миёна аз замонҳои қадим чун парандаи шикорӣ ром карда мешавад. Бо ёрии ин паранда аҳолии маҳаллӣ кабк, рӯбоҳ, харгӯш, кафтар ва дигар ҳайвонҳоро шикор мекунанд. Лочин парандаи нодир аст. Вай ба «Китоби сурхи ҳайвонҳои нодир ва нестшаванда»-и байналхалқӣ дохил карда шудааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»