Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ аз Қалъаи Ҳисор ва боғи «Шаршара» боздид намуд

Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором хонум Армида Салсиаҳ Алишаҳбана ба шаҳри Ҳисор ташриф оварда, аз Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии шаҳри Ҳисор боздид намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳр, назди лавҳаи монументалии рамзии «Водии зарнисор» ва дар остонаи Арки Қалъаи Ҳисор тибқи анъанаи аҷдодӣ бо нону ширинӣ роҳбарияти шаҳр истиқбол гирифт.

Меҳмонон аз Арк, Аскархона, Амфитеатр, Қасри Ҳоким, дӯконҳои ҳунармандӣ ва растаҳои фурӯши армуғонҳо дидан намуданд.

Роҳбалади Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии шаҳр ба меҳмонон оид ба таърихи сеҳазорсолаи Ҳисори шодмон мухтасар маълумот дод. Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ оид ба Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором хонум Армида Салсиаҳ Алишаҳбана ҳамзамон аз боғи зимистонаи «Шаршара» боздид намуд.

АКС:Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор