Пагоҳ, 7 июн аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Боғи «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе чор сол сипарӣ мешавад. Мояи хушнудист, ки ин боғ имрӯзҳо макони писандидаи сокинону меҳмонони пойтахт ва сайёҳон гардидааст. Хусусан шомгоҳон дар ин боғ барояшон сайру гашт ва истироҳат кардан басо фараҳбахшу гуворо аст.
Ёдовар мешавем, ки 7 июни соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Боғи «Куруши Кабир»-ро ифтитоҳ намуданд, ки масоҳати он наздики 5 гектарро ташкил медиҳад.
Дар боғ барои нигоҳубин ва хизматрасонӣ зиёда аз 40 нафар бо ҷои кор таъмин гардид.
Хоҳишмандон метавонанд ба боғ тавассути 22 даромадгоҳи хурд ва 4 даромадгоҳи калон, ки дутояш бо фаввораҳо ороиш ёфтааст, ворид гарданд. Дар ду тарафи боғ амфитеатрҳо бо фаввораҳо сохта шудааст, ки барои гузаронидани маъракаҳои фарҳангӣ омода мебошанд.
Дар боғ 4 адад майдончаи истироҳатӣ, ду адад гулгашт бо фаввораҳо ва 90 адад нишастгоҳ сохта шудааст. Баҳри дилхушии кӯдакон чор майдончаи бозӣ бо таҷҳизоти махсус, дар масоҳати 1640 метри мураббаъ се адад майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва тенниси рӯи миз сохта шудааст.
Дар ҳудуди боғ 4 қаҳвахона, аз ҷумла 2 адад пӯшида ва 2 кушода баҳри хизмати мизоҷон омода мебошад.
Шомгоҳон зиёда аз 900 чароғаки равшанидиҳандаи барқӣ ва 6 маҷмӯи равшандиҳандаҳои галогенӣ равшании боғро таъмин менамоянд. Дар ин боғи хуштарҳу замонавӣ ва сабзу гулпӯш беш аз 5700 дарахтону буттаҳои ҳамешасабзи кипарис, магнолия, фотиния, самшит, пихта, туя ва ғайра, ки зиёда аз 40 намудро ташкил медиҳанд ва аз давлатҳои Аврупо, аз ҷумла Италия, Испания, Франсия, Олмон ва Ҳолланд ворид карда шудаанд, ба ҳусни боғ зебогию латофати махсусро зам менамоянд. Ғайр аз ин гулҳои гуногунранги мавсимӣ зиёда аз 350 ҳазор дона шинонда шудааст ва масоҳати 20 ҳазор метри мураббаъи боғ сабзазор карда шудааст, ки симои боғро боз ҳам зебо мегардонанд. Дар қисми ҷанубии боғ маҷмааи биноҳои маъмурӣ ва хизматрасонӣ сохта шудааст. Атрофи боғ дар масоҳати 1 ҳазору 500 метри мураббаъ бо буттаҳои ҳамешасабзи фотиния, ки аз Италия ворид гардидааст, оро дода шудааст.
Барои гиромидошти хизматҳои арзанда дар соҳаи фарҳанги кишвар дар ду тарафи боғ муҷассамаи мусаввир ва накқоши тоҷик Камолиддин Беҳзод ва ҳунарманди нотакрори санъату фарҳанги тоҷик Малика Собирова ҷой дода шудааст.
Сабаби Куруши Кабир номгузорӣ шудани боғ чист? Куруши Кабир асосгузор ва шоҳи сулолаи ҳахоманишиён мебошад. Натиҷаҳои давраи аввали фаъолияти Куруш ин буд, ки ҳахоманишиён ба иқтидори бузурге соҳиб гардиданд.
Куруши Кабир яке аз бузургтарин шахсиятҳои таърихи аҳди қадим ва бунёдгузори тамаддуни давлатдории комилан нав буда, ҳазорсолаҳо чун шоҳаншоҳи одил, сиёсатмадори зираку тезҳуш, пуштибони адолату ростӣ, кафили ҳуқуқу озидиҳо ва ҳомии сокинони қаламраваш шуҳрат ёфтааст.
Куруши Кабир аввалин Эъломияи Ҳуқуқи Башарро соли 539 пеш аз милод эълон карда буд. Эъломияи Куруши Кабир оид ба озодии виҷдон яке аз бузургтарин ислоҳоти иҷтимоӣ ва санади таърихии ӯст, ки дар шакли паём ба сокинони гуногунзабону гуногунмазҳаби қаламрави паҳоновараш ирсол намуда буд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»