ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Ва ё тоҷикон бо ҳунари волои хеш ҷаҳонро тасхир мекунанд

Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатамон ва Ҳукумати Тоҷикистон буд, ки ҳанӯз аз оғози эҳёи Тоҷикистони навин роҳи бунёдгузории қавии худшиносии миллӣ ва шинохти ҳувияти миллӣ пеш гирифта шуд. Зеро табиист, ки ҳар ҷомеа, ҳар бинои нав, хусусан бинои нави давлатдорӣ хишти аввали бунёди худро дар асоси зербун ва таҳкурсии қавию мустаҳками миллӣ мегузорад. Дар бунёди зербуни қавии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо, ки решаҳо ба таъриху тамаддуни оламшумули ҳазоронсола дорад, Ҳукумати Тоҷикистон ва Сарвари дурандеши он сараввал такя ба худшиносии миллӣ намуданд. Чунин ибрози назар намудааст Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло.

Дар зер андешаҳои муаллиф манзур мешавад.

— Худшиносии миллӣ, яъне шинохти худ, таърихи худ, сабақҳои таърихӣ ва дастовардҳои таърихии ин миллати куҳанбунёд бо номи тоҷикон мебошад. Такя ба хиради ҳазоронсола, илму адаб, забони миллӣ, ки барандаи ҳама фазилатҳои миллӣ аст, такя ба маросим, анъанаву суннатҳои волову наҷиби халқамон ва дар ин радиф такя ба ҳунарҳои мардумӣ намудан низ худшиносӣ маҳсуб мешавад. Зеро маҳз ҳамин ҳунарҳои мардумӣ таҷассумгари симои ҳақиқии миллати эҷодкор ва офаридгори мо будаанд. Эҳёи анъана ва суннатҳои мардумӣ, ҳунарҳои халқӣ яке аз мақсадҳои наҷибе буд, ки халқи мо таҳти роҳнамоиҳои Пешвои миллатамон аз рӯзҳои нахустин онро пеш гирифта, пайваста пайгирӣ мекунад.

Таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат ба фарҳанги миллӣ, эҳёи анъанаҳо ва ҳунарҳои сирф тоҷикӣ беҳуда набуд. Зеро маҳз ҳамин хуҷастагиҳо тӯли таърихи ҳазоронсола сабаби мавҷудияти пойдор, ҳувияти дурахшон ва симои хоссаи миллӣ доштани халқи тоҷик гардид. Аз ин рӯ дар давраи эҳёи навини миллӣ рӯи кор овардану наҷот додани бисёре аз онҳо ҳадафи барқарор кардани симои воқеии таърихиву ҳунарии мардуми мо дар пеши худ ва дар пеши ҷомеаи ҷаҳонӣ буд. Мо шоҳид ҳастем, ки дар ин ҷода иқдом аз пайи иқдом ва ташаббус аз пайи ташаббус пеш гирифта шуд, ки имрӯз натиҷаҳои қаноатбахши худро дода истодаанд. Агарчанде Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ соли 2018 эълон гардида буд, ҳаракатҳо ва ташаббусҳои эҳёи ҳунар ва маросими мардумӣ қариб, ки аз солҳои аввали соҳибдавлатии Тоҷикистон пеш гирифта шуда буд ва ин падидаро мо дар бисёре аз бунёдкориву сохтмонҳои аввал мушоҳида менамудем.

Яъне миллати тоҷикро аз замонҳои қадим ҳамин эҷодкорӣ, созандагиву бунёдкорӣ зинда доштааст ва ин роҳи эҳёи навини мо дар ҷодаҳои таърихи навин хоҳад буд.

Ҷолиб аст, ки дар бунёди Тоҷикистон Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллат такя ба собиқаи пешиниён ва таҷрибаҳои милливу таърихӣ доштаанд ва ин суханони Пешвои миллатамон далели гуфтаҳои мо мебошанд: «Дар пушти ҳар шоҳкории меъморӣ таърих, урфу одат, расму оин ва фарҳанги он миллат меистад».

Гумон мекунам, эҳёи дурахшони дубораи ҳунарҳои мардумии миллатамон авалан дар бунёдкориҳои меъморӣ падид омад, зеро дар ин бунёдкориҳо таҳти назорати завқу табъи Пешвои миллатамон кӯшиши истифодаи дурахшонтарин ҳунарҳои милливу халқӣ пеш гирифта шуд.

Дар ин қатор метавон аз чӯбкорӣ, кандакорӣ, гаҷкорӣ, нақшунигорофаринӣ, истифодаи сангҳои рангину қиматбаҳо, истифодаи эҷодкоронаву ҳунармандонаи рангҳо ва ғайра ном бурд. Зеро дар онҳо ва тавассути онҳо на фақат ҳунар, балки санъати волое, ки ин ҳунарҳои миллӣ маҳфуз доштаанду пеш мебаранд, низ эҳёи дубора ёфт. Дар пойтахти ватанамон- шаҳри Душанбе аввалан чунин ташаббус дар замони нав шояд дар бунёди чойхонаи “Роҳат” бо наққошиву кандакориҳои зебову нотакрори дастии миллӣ истифода шуд. Ин на танҳо сокинони мамлакат, балки меҳмонони онро низ ба ваҷд оварда буд. Аммо хурсандибахш ин аст, ки эҳёи навини ин ҳунарҳо пас аз расидан ба Истиқлоли давлатӣ таҳти роҳнамоиҳои Пешвои ҳунардӯсту соҳибзавқи миллатамон дар тамоми гӯшаҳои мамлакат ва дар бунёди бузургтарин иморатҳо, қасрҳои фарҳангиву фароғатӣ, чойхонаҳои миллӣ ва ғайраҳо пайи ҳам падидор гардид ва ба куллӣ симои зоҳириву маънавии давлатамонро ҳусни тозаву нав ва дилрабо бахшид. Ва ин, албатта, мояи сарфарозии мост, зеро дар тамоми гӯшаҳои олам маҳз ҳамон мавзеъҳое ном доранду шуҳрати миллӣ ба он давлатҳо овардаанд, ки дар бунёди онҳо маҳз санъату ҳунари волои миллӣ, таҷрибаи мактаби бойи ҳунармандони касбӣ ба тарзи бешабеҳу мондагор истифода шудааст ва таваҷҷуҳи аҳли оламро ба худ мекашанд.

Ташаббуси эҳёи нав додан ба бинокориҳои миллӣ бо ҳусни тозаву нав, истифодаи ҳунару санъати миллӣ дар онҳо ҳанӯз соли 2007 аз бунёди «Хуррамшаҳр» дар Данғара оғоз гардида буд. Дар сохтмони ин маркази фароғатӣ бо ташаббуси Пешвои миллат 150-200 ҳунарманди маҳаллӣ аз тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон ҷалб карда шуд. Дар бунёди маркази фароғатии «Хуррамшаҳр», ки соли 2010 ба истифода дода шуд, нақшу нигор ва ҳунарҳои дастии сирф миллии тоҷикӣ истифода шудааст. Имрӯз ин маркази фароғатӣ намунаи барҷастаи истифодаи ҳунар ва санъати миллӣ дар замони мо аст.

Бубинед, мо, хушбахтона, дар кӯтоҳтарин замони Истиқлоли давлатиамон биноҳову иншооте сохтем, ки аллакай мояи ифтихори халқу мардумамон гардидаанд. Танҳо ҳамин маҷмааи “Кохи Наврӯз” дурахшонтарин падидае аст, ки дар он анқариб тамоми ҳунару санъату истеъдоди эҷодкории халқи мо истифода шуда, имрӯз ба он симои беҳамтои ҳайратовар додааст ва ҳар бинанда, хусусан сайёҳони хориҷӣ ва аз ҷумла, сарони кишварҳои гуногуни ҷаҳонро, ки дар ҷамъомадҳои сатҳи баланд дар он иштирок доштаанд, мафтуни худ гардонидааст. Тамошои он ба бинанда на фақат як олам таассурот, завқ ва руҳбаландӣ медиҳад, балки бардошти амиқу фаровон ва маълумоти шоистае аз ҳунару санъати миллии мо мебахшад. Толорҳои бузурги он, ки ҳар яке ба ҷуз аз таҷассуми санъату ҳунари миллии мо будан ҳадаф ва расолати хосаи худро доранд, имрӯз барои ҷамъомадҳо, ҷаласаву чорабиниҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ истифода мешаванд. Ҷолиб ин аст, ки нақш ва рамзҳои истифодашуда дар болои чӯб ва ё дар ойина нақшбандишуда, кандакориҳо дар санг ва ҷилои онҳо ҳама ҳадафу мантиқе дорад ва ифодагари саҳифаҳои таъриху илму адабу фалсафаи халқи тоҷик мебошанд.

Худи далели он ки дар бунёди “Кохи Наврӯз” то 500 ҳунарманди асили санъати миллӣ, устоҳои чирадасти тоҷик аз гӯшаҳои гуногуни мамлакат иштирок доштааст, гувоҳ ва далели ду чиз аст: аввалан, гувоҳи маҳфуз мондани ҳунарҳои миллӣ ва сипас миллати ҳунарманд будану сиришти эҷодкорона доштани миллати тоҷик. Ва табиист, ки дар бунёди ин намунаи баланди зуҳуроти ҳунарии халқи мо чӣ қадар неру, қувва ва истеъдоди ҳунармандони чирадаст истифода шудааст. Табиист, ки бунёди чунин иншооте, ки имрӯз ифтихори миллати мо аст, на ба осонӣ ба даст омадааст. Ва пеш аз ҳама, нақши бузурги Сарвари давлати тоҷиконро дар он бояд қайд кард.

Бунёдкорӣ ва созандагиҳои миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ бо маром идома меёбанд. Дар радифи Кохи Наврӯз бо ҳамин муҳаббати баланди ватандӯстона Кохи Истиқлол, Сомон, Қасри миллат низ сохта шуда, анқариб дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон- аз Хуҷанди бостон то Бадахшон чойхонаҳои бузург бо нақшу нигору кандакориҳои хоссаи миллӣ сохта шудаанд, ки ҳар яке хуҷастагиҳои хоси худро дорад. Инҳо чойхонаҳои одӣ нестанд, балки шабеҳи тамошогоҳ ва фароғатгоҳҳои бузурге ҳастанд, ки дар баробари истироҳату ҷамъомадҳои мардумӣ дар он сокинони маҳалливу меҳмонон бо руҳи осуда ва завқи баланд лаззати маънавӣ низ мебаранд.

Вусъати корҳо, бунёдкорӣ ва дастгирӣ аз ҳунармандони мамлакат то ҷойе аст, ки агар дар собиқа ҳар усто ду-се шогирд дошта бошад, имрӯз теъдоди шогирдони ҳар яке ба 40-50 нафар расидааст. Ва ҷолиб аст, ки ин саф аз ҳисоби ҷавонони нав ба нав пур мешавад.

Барои аз наздиктар шинос гардидан бо ҳунарҳои мардумӣ ва эҷодкориҳои устоҳои чирадасти тоҷик мехоҳем дар бораи Кохи Наврӯз каме маълумот диҳем, ки намунаи барҷаставу бешабеҳи чунин падида аст.

Бубинед, ин кохи шӯҳратёр 15 толор дошта, “Дидор”, “Аржанг”, “Гулистон” ва “Зарандуд” толорҳои асосии он аст. Ҷолиб ин аст, ки ҳар толор муҳити созгору рисолати шоистаи худро дорад ва номҳои шоиронае, ки ба онҳо гузошта шудаанд, мувофиқ ба рангу бор, нақшу нигори онҳо мебошанд. Масалан, толори “Дидор”, ки бо гаҷкориву наққошӣ ороста шудааст, чуноне, ки аз номаш бармеояд, ҷойи дидору вохӯрӣ аст. Ҳангоми гузаронидани ҷамъомадҳои сатҳи баланд Сарвари муҳтарами давлати мо маҳз дар ҳамин толор як-як аз сарони кишварҳо истиқболи дӯстона ба вуҷуд меоваранд. Даромадгоҳи толор бо нақшу нигор оро ёфта, дар деворҳои он, ки бо усули гаҷкорӣ дар рӯи оина ороста шудаанд, нақшу нигори миллӣ тасвир ёфтаанд. Масоҳати толор ҳазору сад метри мураббаъро ташкил дода, сақфаш бо рангҳо наққошӣ шуда, аз ду тараф зинаҳои чӯбин бо санъати кандакорӣ оро дода шудаанд.

Толори дигаре, ки як падидаи тозаи ҳунарии мардуми мо мебошад, “Аржанг” ном гирифта, масоҳати ҳазор метри мураббаъро фаро гирифтааст. Ҷолибият дар он зоҳир мешавад, ки аз 29 намуди сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон ороста шуда, дар девораш аз рӯи мусаввараҳои Камолиддини Беҳзод кошинкорӣ ҷой дода шудааст.

Яке аз толорҳои дигаре, ки бо кандакориҳои миллии худ бинандаро мафтун мекунад, толори “Гулистон” ном дорад, ки дар он воқеан намунаҳои баланди санъати кандакории устоҳои тоҷик таҷассуми зебо ёфтааст. Бештар аз шаш ҳазор метри мураббаъ кандакорӣ дар чӯб намунаи барҷастаи заҳмату ҳунари устоҳои чирадасти кандакори тоҷик аст. Ин толор, ки ҳазору шаш саду панҷоҳ метри мураббаъро фаро мегирад, 16 сутуни нақшин дошта, қандили бузурги булӯрияш 3 тонна вазн дорад.

Толоре, ки вобаста ба рангу бораш номи зебои “Зарандуд” гирифтааст, яке аз бузургтарин, зеботарин ва хуҷастататарин толорҳои ин силсила аст. Фақат қандили бузурги он 6 тоннаву ҳафтсад кило вазн ва ҳазору шашсад чароғак дорад. Дар ҳар қисмати девори он рамзи тоҷи заррин бо ҳафт ситора ҷавлон мезанад. Дар 16 сутуни қавии он ва сақф нақшҳо бо тиллои маҳин ороиш ёфтаанд ва онро толори тиллоӣ низ меноманд. Ҳунарҳои кандакорӣ, гаҷкорӣ дар рӯи оина ба ҳусни он ҳусн зам намудаанд.

Сатҳи баланди иҷрои ҳунарҳо дар толорҳои номбурда ҳар якеро аз дигаре хуҷастатару мумтозтар гардонидааст ва соатҳо барои тамошо ва бардоштҳо аз ин толорҳо кам аст.

Албатта, ҳар яке аз ин толорҳо мавзуи суҳбату пажӯҳиши алоҳида буда, танҳо хусусияти ҳунариву эҷодии онҳо метавонад барои навиштани на ин ки як мақола, балки рисолаҳо мавзуъ бидиҳад ва мо умедворем, ки пажӯҳишгарони фарҳанги мо, муҳаққиқони санъат ин корро бо шарҳу тафсири коршиносона анҷом хоҳанд дод, зеро шинохт ва пажӯҳиши ҳунару санъати миллии мо сабаби рушди бештар ва дастовардҳои нави эҷодӣ хоҳад гардид.

Ба андешаи мо, бунёдкориву эҷодкориҳои маъмуриву фаҳангии Меҳану миллати мо то ҷойе дар бунёди Муҷассамаи бошаҳомати “Истиқлол” сурати ҷамъбастӣ ёфтааст. Зеро ин муҷассамаи беназир дар худ ба симои нав, тарҳи нав ва ба сурати хуҷастаи нав воқеан шаҳомати Истиқлоли давлатӣ ва пирӯзии сиёсати давлатдории моро ҷамъбасти ҳунариву эҷодӣ бахшидааст. Дар саросари он ҳунарҳои волои қадимаву миллӣ ва навину имрӯзии бинокорону устоҳову ҳунармандону муҳандисони чирадасти мо ба ҳам омада, ҷилои дурахшони пирӯзӣ медиҳад. Тамошои ин муҷассама як ҷаҳон таассурот, бардошт ва огоҳӣ аз маърифату фарҳангу таърихи мо ба ҳар бинанда мебахшад. Ин муҷассамаи зебо ангезишҳое ватандӯстонаву ифтихоромез ба фарзандони миллати мо дода, таассуроте фаромӯшнашуданӣ ба ҳар меҳмони мамлакати мо мегузорад. Боғу гулгашту гулзори атрофи он низ падидаи тозаву хурсандибахш ва ҳосили завқи баланди мутахассисони ин соҳа мебошад.

Мушкил аст дар як мақола фаро гирифтани тамоми ҳунарҳои миллии мардуми мо, ки хеле гуногунҷабҳаву серпаҳлу мебошанд. Мо дар бораи фақат чанд намуди ҳунарҳои халқии вобаста ба бинокорӣ сухан кардем. Ҳол он ки миллати мо соҳиби ҳунарҳои зиёди дигаре низ мебошад.

Аз ҷумла, мавзуи дигари фарохи ҳунарҳои мардумии мо, бешубҳа, ҳунарҳои дӯзандагӣ, бофандагӣ, зардӯзиву гулдӯзӣ, матоъбофиву гилембофӣ ва дигар ҳунарҳои дастии чеварони гулдасти тоҷик мебошад, ки ҳар яке намуду намунаи шоистаи худро дорад ва мавзуи алоҳидаву ҷолиб барои пажӯҳиш аст.

Ҳунарҳое, чун дуредгарӣ ва коркарди чӯб; оҳангарӣ, сохтани асбоби зарурии рӯзгор тавассути ин ҳунарҳо низ мавзуи шоистае дигаре аст.

Ҳунари пухтани ғизову таом дар байни миллати мо ҷойгоҳи хоси худро дорад. Тоҷикон анвои хӯрокҳои беназири миллие доранд, ки метавонад беҳтарин дастурхонҳои шоҳонаро оро диҳанд. Танҳо чандин намуди таомҳои ширӣ, чандин намуди таомҳои мевагӣ, таомҳои хамирӣ, таомҳои гиёҳиву сабзавотӣ, таомҳои гӯштӣ …. ҳама бо хосияту хусусияти хоси миллӣ беназир мебошанд. Ба ин номгӯй ҳунари беназири устоҳои шириниофари моро низ метавон зам кард, ки анвои зиёди ҳалвову печаку набот ва дигар шириниҳоро дар бар мегирад.

Албатта, дар ин росто наметавон дар мавриди ҳунари санъаткоронаи нонпазӣ, ки даҳҳо намуду анвои нонро фаро мегирад, хомӯш буд. Хусусан, ки ин нонҳо ҳар яке ба ҷуз аз ғизо будан намунаи барҷастаи санъату ҳунари миллӣ маҳсуб мешавад ва бинандаҳоро борҳо тасхир кардаанд.

Бо дили пур ва сари баланд метавон гуфт, ки миллати мо миллати ҳунар аст ва Пешвои миллати мо эҳёгари ҳунарҳои миллӣ мебошанд. Дар навбати худ эҳёи ҳунарҳои миллӣ эҳёи симои асили фарҳангии халқи некманишу башардӯсти мо аст; эҳёи ҳунарҳои миллӣ эҳёи маънавии миллати мо аст, эҳёи асолату фазилати миллати тоҷик аст. Ана ҳамин аст, ки Сарвари дурбину дурандеши Тоҷикистон дар қатори роҳнамоиву иқдомҳои зиёди эҳёкунандаи миллат эҳёи ҳанарҳои миллиро низ пеш гирифтаанд ва моро пайваста ба асолати миллиамон раҳнамоӣ мекунанд. Ба шарофати ин иқдомҳои ватандӯстонаву ҳунарпарварона имрӯз симои ҳунарии миллати мо, ҳунарҳои зебои миллии мо пайваста дар сатҳи ҷаҳонӣ эътирофи байналмилалӣ меёбад ва дили оламиёнро тасхир месозад. Бузургони мо беҳуда нагуфтаанд:

Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ,
Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ.

Хуҷаставу пазируфта он халқ, он миллати фозиле аст, ки ҷаҳонро на бо ҷангу силоҳ, балки бо маърифати баланд, хусусан бо ҳунарҳои волои шоиставу эътирофгардида, ҳунарҳои инсондӯстонаву башарпарварона, ҳунарҳои зебову мафтункунанда забт менамояд. Наҷибтарин пирӯзӣ ғалабаи ҳунар аст. Ин аст, ки мо, мардуми тоҷик бо миллати ҳунарманд ва бо Пешвои ҳунарпарварамон ифтихор дорему аз ин пайваста сарфароз мебошем.

Камол НАСРУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»