Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Академияи сайёҳии Донишгоҳи Бредаи Нидерланд Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Имрӯз дар шаҳри Бредаи Нидерланд байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Академияи сайёҳии Донишгоҳи Бредаи Нидерланд Созишномаи ҳусни тафоҳум ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Санади мазкурро ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода ва ректори Академияи сайёҳии Донишгоҳи Бреда Перри Ҳобсон имзо намуданд.

Баъди имзои созишнома ҷонибҳо мулоқот намуда, масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти табодули академии донишҷӯён, такмили ихтисоси омӯзгорон, ташкили таҷрибаомӯзии илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ ва меҳмондории Академия дар Тоҷикистон, баргузор намудани конфронсу ҳамоишҳои муштараки илмӣ, ташкили машғулияти маҷозии профессоронро баррасӣ намуданд.

Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон гуфт, ки ҳамкории ҷонибҳо дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда амалӣ мегардад.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон