Имрӯз, 2 июн, рӯзи аввали мусобиқаи Гран-прии Душанбе – 2023, ки дар доираи Сайри ҷаҳонии ҷудо баргузор мешавад, оғоз мегардад. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Имрӯз 12 варзишгари тоҷик ба гилеми гуштингирӣ мебароянд.
Дар рӯзи аввали мусобиқа ҷудочиён дар вазнҳои то 60 ва 66 кг миёни мардон ва дар вазнҳои то 48 кг, 52 кг ва 57 кг миёни занон қувваозмоӣ менамоянд.
Мардон
То 60 кг:
— Меҳрзод Суфиев — Йолк Казирбек (Муғулистон)
— Ҳақдод Гулов — Юнес Саддики (Марокаш)
— Муҳаммад Маҳмадизода — Максим Мейрлан (Фаронса)
То 66 кг:
— Эмомалии Нуралӣ дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Даниэл Капелюшник (Исроил) ва Сунгат Жубаткан (Қазоқистон) рақобат менамояд.
— Обид Ҷебов — Исмоил Мисиров (варзишгари фардии бетараф)
— Шаҳбоз Саидаброров — Ҷаслин Сингҳ Сайни (Ҳиндустон)
— Фирӯз Мелибойзода — Бобур Ваҷиев (Узбекистон)
Занон
То 48 кг:
— Шукрона Карчиева — Вонг Ка Ли (Ҳонконг)
— Мадина Қурбонзода — Асмита Дэй (Ҳиндустон)
То 52 кг:
– Аҳлия Мӯъминова – Йингвей Лю (Чин)
То 57 кг:
— Шоҳида Қаландарова — Батсух Алтантсетсег (АМА)
— Фазилат Гулбоева — Ксения Галитская (варзишгари фардии бетараф)
Ғолибону ҷоизадорони Гран-прии Душанбе-2023 дар баробари медалҳо бо ҷоизаҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд. Ғолибони ҳар як вазн 3000 евро, барандагони нуқра 2000 евро ва биринҷӣ 1000 евро ба даст хоҳанд овард.
Ба ғайр аз ин Гран-прии Душанбе-2023 мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 буда, ба рейтинги варзишгарон хол илова мекунад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа дар ҳайати 34 варзишгар, аз ҷумла 28 мард ва 6 зан иштирок менамояд.
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон