Дар доираи ҷаласаи 68-уми Комиссияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ барои Аврупо, ки аз 31 май то 2 июн таҳти сарпарастии ҳукумати Булғористон дар София идома дорад, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати аъзои Кумитаи созмон оид ба масъалаҳои узвият барои солҳои 2023-2027 интихоб гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҷаласаи мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод иштирок дорад.
Ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ, дар доираи ҷаласа масъалаҳои мубрами соҳаи сайёҳӣ мавриди баррасии давлатҳои аъзо қарор гирифтанд.
«Боиси хушнудӣ аст, ки дар ҷаласаи 68-уми Комиссияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Испания ва Узбекистон аъзои Кумита оид ба масъалаҳои узвият барои солҳои 2023-2027 интихоб гардид. Ин муваффақият барои мавқеи Тоҷикистон ҳамчун аъзои фаъоли Созмон нақши муҳим мебозад», — омадааст дар иттилоияи Кумита.
Кумита оид ба масъалаҳои узвият, ки фаъолияти худро аз соли 2022 оғоз намудааст, мақоми ёрирасони Шӯрои иҷроия буда, мутобиқи моддаи 6-и Оиннома барои аъзои шарик шабакаи институтсионалии самаранок маҳсуб меёбад. Кумитаи мазкур дар баробари вазифаҳои муҳими оинномавӣ дорои як қатор салоҳиятҳо ҷиҳати муайян намудани стратегия ва ҳадафҳои асосии аъзои шарик мебошад.
Кумита аз марҳилаи шомилшавӣ ҳамкории судмандро бо роҳбарият ва коршиносони Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ба роҳ монда, дар кори ҷаласаҳои созмон иштироки фаъолона дорад.
Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади заминаи воқеӣ гузоштан ва ворид шудани соҳаи сайёҳии мамлакат ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 ноябри соли 2007 дар шаҳри Картахена Индаси Колумбия дар ҷаласаи 54-уми Маҷмаи Созмони ҷаҳонии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун узви комилҳуқуқи ин созмони бонуфуз пазируфта шуд.
Узвияти Тоҷикистон дар ин сохтор, ки яке аз 12 агентиҳои Созмони Милали Муттаҳид ба ҳисоб меравад, дар баробари омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ва иштирок дар рафти ҳалли масоили рӯзмараи соҳа, барои ташаккул ва дар оянда таҳким бахшидани имиҷи ҷумҳурӣ ҳамчун давлати сайёҳӣ манфиати зиёд мерасонад.
Дар ҳошияи ҷаласаи 68-уми Комиссияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ имрӯз, 2 июн вохӯрии раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ бо Дабири кулли Созмон дар назар аст.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон