СУРАТ-ДАЛЕЛ. Дар навсозии Қалъаи Хуҷанд унсурҳои қадима ва миллӣ нигоҳ дошта мешавад

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади арҷгузорӣ ва муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик, ҷалби бештари сайёҳон ба вилоят корҳои навсозии Қалъаи Хуҷанд идома дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои бунёду навсозии қалъаи мазкур шинос гардид.

Дар навсозии ин макони таърихӣ унсурҳои қадима ва миллӣ нигоҳ дошта мешавад.

АМИТ «Ховар» аз рафти кори сохтмончиён, рассомон ва наққошон дар Қалъаи Хуҷанд суратгузориш омода кард, ки манзури хонандагон мегардад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд