21 май дар шаҳри Уфаи Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия байни ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Бошқирдистон ва ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳу курортҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ёддоштҳои мазкур дар доираи вохӯрии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муъминзод ва намояндагони бахши хусусии Тоҷикистон дар самти сайёҳӣ бо муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Бошқирдистон – вазири рушди иқтисод Рустам Муратов, вазири соҳибкорӣ ва сайёҳӣ Рустам Афзалов, вазири робитаҳои хориҷии иқтисодӣ ва фаъолияти конгрессӣ Маргарита Баличева ва роҳбарону кормандони ассотсиатсияҳо ва ширкатҳои сайёҳии шаҳри Уфа ба имзо расиданд.
Ҳадафи асосии вохӯрӣ- муҳокимаи нақшаҳои рушди соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Бошқирдистон, тавсеаи ҳамкории мақомоти сайёҳӣ ва таҳкими робитаҳои байниминтақавӣ, табодули афкор ва ҷалби сайёҳони Русия ба Тоҷикистон буда, аз ҷониби ҳайати Тоҷикистон рӯнамо оид ба имконияти сайёҳии мамлакат ба намояндагони соҳаи сайёҳии ин минтақа манзур карда шуд.
Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати амну осоишта буда, дар он барои қабули сайёҳон тамоми имконият фароҳам оварда шудааст. Дар ин замина даъват карда шуд, ки ҳамкорӣ тақвият дода шавад.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон