Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Кохи Суруш»- и шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ таҳти унвони «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» ва маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмунҳои шаҳрӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар чорабинӣ озмунҳои шаҳрӣ дар соҳаи тандурустӣ ва маорифи шаҳри Душанбе — «Беморхонаи сол», «Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол», «Табиби сол», «Табиби оилавии сол», «Корманди миёнаи тибби сол», «Мураббии сол», «Омӯзгори сол», «Хонандаи сол», «Гирандагони Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе» ва дигар озмунҳои шаҳрӣ ҷамъбаст гардида, ғолибон дар вазъияти тантанавӣ бо мукофотҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.
Зимни ифтитоҳи барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирокчиёнро аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Рӯзи пойтахт табрик гуфтанд.
Тазаккур дода шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ Душанбе ба таври бесобиқа рушд карда, ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфтааст. Бо шарофати сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пойтахти ватани мо рӯз ба рӯз ободу зебо гардида, макони писандидаи ҷаҳониён мегардад.
Гуфта шуд, ки ифтитоҳи яке аз иншооти муҳими ҷашнӣ – «Майдони истиқлол» ба маблағи умумии зиёда аз 1,2 миллиард сомонӣ дар арафаи ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ яке аз рӯйдодҳои муҳим барои сокинону меҳмонони пойтахт ба ҳисоб меравад.
Таъкид гардид, ки бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ дар пойтахт бо ташаббус ва ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам бунёду навсозии 10 меҳмонхонаи замонавӣ дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт шуруъ гардида, дар айни ҳол 3 меҳмонхона мавриди истифода қарор дода шудааст ва дар дигар иншоот корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.
Ҳамазамон бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани корҳои ободонию созандагӣ барои солҳои 2022-2026 дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардидааст. Дар доираи он аз ҷониби шахсони эҳсонкор ва ташкилоту муассисаҳо 4284 чорабинии гуногун, бахусус дар самти бунёди иншооти иҷтимоию саноатӣ ва савдою хизматрасонӣ бо таъсиси беш аз 13 ҳазор ҷойи нави кор ба нақша гирифта шудааст.
Дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022 708 чорабинӣ, аз ҷумла бунёди 14 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ, 8 муассисаи тандурустӣ, 17 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 16,3 километр роҳ, 11 бинои маъмурӣ, 23 иншооти баландошёна бо 28 маркази хизматрасонӣ, 8 иншооти варзишӣ, рангубори 146 бино, 60 нуқтаи партовпартоӣ ва якчанд корҳои дигар бо таъсиси беш аз 2 ҳазор ҷойи нави кор амалӣ карда шуд.
Дар идомаи барнома ҳаваскорони ҷавон ва устодони санъати тоҷик бо суруду таронаҳои ҷолиб ҳунарнамоӣ карда, фазои идонаи базмгоҳро пуршукуҳтар гардониданд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои гуногуни идона, аз ҷумла мусобиқаи варзишӣ — Ниммарафони XIII байналмилалии Душанбе баргузор гардида, дар он варзишгарон аз минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бародаршаҳрҳои Душанбе ва дигар хоҳишмандон иштирок намуданд.
Ҳамчунин имрӯз бахшида ба ин ҷашн бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт базмҳои пуршукуҳи идона бо иштироки дастаҳои ҳунарӣ — ромишгарону мутрибон ташкил гардида, ҳамзамон маҳсули дасти ҳунармандони чирадасти пойтахт ба намоиш гузошта шуд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»