Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ки 18 апрел мебошад, дар назди факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон осорхонаи умумидонишгоҳӣ ифтитоҳ карда шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур
Дар ифтитоҳи Осорхонаи факултети ҳуқуқшиносӣ Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон профессор Қобилҷон Хушвахтзода ва ҳайати устодону кормандони факултет иштирок намуд. Таъкид гардид, ки осорхона бо мақсади муаррифии дастовардҳои факултети ҳуқуқшиносӣ таъсис дода шуда, дар он намунаи муваффақияти факултет ва ҳайати устодону донишҷӯёни он дар солҳои фаъолият ҷамъоварӣ шудааст. Дар осорхонаи мазкур, аз ҷумла асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигоҳдорӣ мешаванд.
Ҳамчунин дар осорхона таҷҳизоти муосир барои баргузории дарсҳои маҷозӣ (онлайнӣ), видеоконференсияҳо ва дигар чорабиниҳои илмиву амалӣ насб шудааст, ки имконият медиҳад омӯзгорону донишҷӯёни факултет ба таври маҷозӣ дар озмуну олимпиада, конференсияву семинарҳои байналмилалӣ иштирок намоянд. Ҳамзамон дар оянда дар осорхона дарсҳои онлайнӣ ва видеодарсҳо низ сабт ва нигоҳдорӣ карда мешаванд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон