«Эҳё»- таҳти чунин унвон имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои рассомӣ ифтитоҳ ва дар он аз хазинаи Осорхонаи миллӣ 30 асари машҳури рассомон ба маъраз гузошта шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фариддун Кенҷаев иттилоъ дод.
Дар маросими ифтитоҳи намоиш намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиби Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, устодону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов иштирок намуданд.
Дар намоиш аз хазинаи Осорхонаи миллӣ 30 асар аз эҷодиёти рассомони машҳур, ба монанди М.Хошмухаммедов, А. Ашуров, А.Ҳайдаров, А.Камелин, М. Аветов, В. Сидоренко, А. Кушнер, О.Татевосян, А.Пономарёв, М.Зубреева, Е.Буртсев, Р.Барто, В.Бровидовский, А.Маргунов, В.Алексеев, В. Боборикин ва И.Волинский ба маърази тамошо гузошта шудааст.
Дар офаридаҳои мусаввирони Тоҷикистон, ки солҳои гуногун эҷод шудаанд, мавзуъҳои муҳофизати Ватан, сулҳ, об, ҳунармандӣ, ободонӣ, хоҷагидорӣ ва амсоли ин инъикос ёфтаанд, ки шоистаи дидан мебошанд.
Асарҳои рассомон бо номҳои «Роҳи Сталинобод-Хоруғ. 1947», «Темурмалик», «Ба хотири сулҳ», «Об рафт», «Ид дар колхоз», «Хабари мукофот», «Дар ҷабҳаи меҳнат», «Бозор», «Занон дар чойхонаи сурх. 1934», «Кулолгарон», «Рамаи колхоз», «Муаллим. 1940», «Иваз кардани ҷабҳачиён», «Парашутчизан М. Муродова. 1940», «Бинои асосии канал. 1940», «Шом дар колхоз. 1950» ва ғайраҳо офарида шудаанд.
Бо баракати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонин аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллӣ мусаввараҳо тармиму таҳким гардида, ба онҳо умри дубора бахшида шуд. Зеро осори мазкур охирин маротиба солҳои 60-уми асри XX ба намоиш гузошта шуда буд.
Намоиши мазкур барои устодону донишҷӯёни муассисаҳои рассомии мамлакат имкон фароҳам меорад, то аз офаридаҳои мусаввирони қарни гузашта аз наздик дидан намуда, бо мактаби рассомии онҳо хубтар шинос шаванд.
Зимнан ин намоиш дар баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ, худшиносиву ватандӯстӣ, сатҳи дониши қишрҳои гуногуни ҷомеа ва дарки масъулияти ватандӯстӣ нақши муассир хоҳад гузошт. Чунки асарҳои рассомон аз гузаштаи начандон дури ин сарзамини нотакрор қисса мекунанд.
Ҳамчунин ин осор ифодагари саҳми рассомон дар интиқоли маълумоти муҳим оид ба кору пайкор, табиат, тарзи зисту зиндагонӣ, либоспӯшӣ, урфу одат, анъана ва дигар паҳлуҳои ҳаёти мардуми тоҷик аз насли дирӯз ба имрӯз мебошад.
Намоиши «Эҳё» дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» то 30 апрели соли 2023 идома меёбад.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон