3 апрели соли равон таҳти раёсати Ҷумҳурии Ҳиндустон нишасти 19-уми маҷозии вазирони фарҳанги Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар нишасти мазкур бо мақсади тақвияти ҳамкории минбаъдаи соҳаи фарҳангу санъат аз ҷониби вазирони фарҳанги давлатҳои аъзо Протоколи 19-уми ин Созмон ба имзо расонида шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар нишаст вазирони фарҳанги Тоҷикистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Чин, Русия ва Покистон суханронӣ намуданд.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода иброз намуд, ки бо шарофати таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи фарҳанг рушд ёфта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат мунтазам тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд.
Нишасти мазкур барои давлатҳои аъзо ва ҳам барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як рӯйдоди муҳим маҳсуб ёфта, барои рушди минбаъдаи ҳамкории фарҳангии байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай заминаи мусоидро фароҳам меорад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон