Инъикосгари зарфиятҳои сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ

Имрӯз аз фаъолияти Телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” – и  кишвар як сол пур мешавад. Дар тӯли фаъолияти яксола телевизиони мазкур тавонист бо барномаҳои худ дар миёни ҷомеа маъруфият пайдо намояд. 1 – уми апрели соли 2022 бо мақсади инкишоф додани иқтидори воқеии шаҳру деҳот, муаррифии манзараҳои зебои кишвар, мавзеъҳои сайёҳӣ, маконҳои таърихӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҷумҳурӣ МД Телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба фаъолият шурӯъ намуд.

Дар давоми фаъолияти корӣ кормандони ин телевизиони навтаъсис бо пешниҳоди барномаҳои сифатан нав, ки аз барномаҳои телевизионҳои дигари ҷумҳурӣ тафовути махсус дорад, ҷойгоҳи худро дар ҷомеа пайдо намуд. Ҳарчанд дар самти сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар телевизионҳои амалкунандаи кишвар барномаҳои мухталиф пахш мешуданд, вале ҳайати кормандони Телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо ғояҳои навин аудиторияи махсусашонро дарёфтанд. Ҳамин аст, ки бо пайваст шудан ба моҳвораи ЯҲСАТ мавҷи Телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  ба давлатҳои хориҷи кишвар низ дастрас гардид, ки то имрӯз аз ин кишварҳои ҳамҷавор ҷиҳати пахши барномаҳо ба унвонии Телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  шарҳ ва номаҳо ворид мегардад.

Ба таъкиди муовини директори Телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” Умед Шарифзод ин ҳама акси садоҳо аз ҷониби бинандагон, махсусан аз кишварҳои хориҷӣ ба он вобаста мебошад, ки роҳбарияти телевизион дар баробари пахши барномаҳо дар эфири телевизион, инчунин дар сомонаҳо ва шабакаҳои дигари иҷтимоӣ низ фаъолияти густурда доранд.

Бояд гуфт, ки ҳайати эҷодии Телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  аксаран аз ҷавонони соҳибтаҷриба ва шавқманд ба касби рӯзноманигорӣ иборат мебошад ва тавре аз шарҳу тавзеҳҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд, бармеояд, як самти муваффақияти телевизион маҳз аз фаъолияти пурсамари ҷавонони ин даргоҳ сарчашма мегирад. Ҳамзамон муовини директори Телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  Умед Шарифзод дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки дар телевизион имрӯз барномаҳои зиёде дар таҳияи ҷавонони соҳибмалака ва дигар ашхоси варзида пахш мешаванд, намунаи беҳтарини онҳо дар шабакаҳои интернетӣ гузошта мешавад, то ин ки аҳолӣ ба ин барномаҳо дастрасии комил дошта бошанд.

Муовини директори Телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  Умед Шарифзод инчунин афзуд, ки дар давоми фаъолияти яксола телевизион ба муваффақиятҳои назарраси эҷодӣ низ ноил гардидааст, ки лоиҳаҳои “Вожазори ҳунар”, “Вожазори сайёҳӣ”, барномаи итилоотии “Паём”, “Раҳ ба раҳ”, “Хатсайр”, “Армуғон”, “Гулдаст”, “Нигористон”, “Сози роз”, “Нидои таърих” , “Ривоят ё ҳақиқат” ва дигар лоиҳаҳо аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  инчунин дар байни ҷомеа бо озмунҳои ба роҳмондаи худ маълум гардидааст.

Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар асоси дастуру супоришҳо ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тарғибу ташвиқи имконияти сайёҳӣ, ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ҷумҳурӣ, мусоидат ба рушди бемайлони ҳунарҳои  мардумӣ дар мамлакат ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари барои сайёҳӣ мувофиқу  дорои фарҳангу ҳунари волои таърихӣ  таъсис дода шудааст.

Мавриди зикр аст, ки айни ҳол Телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” 143 воҳиди корӣ дошта, сохтори он аз дастгоҳи марказӣ, ҳайати эҷодӣ иборат аз 5 раёсат, 4 шуъба, 3 бахш, инчунин, маҷмааи таҷҳизоти студиявӣ ва шуъбаҳои техникию хизматрасонӣ иборат аст. Мо дар фаъолияти минбаъдаи аҳли эҷоди Телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” муваффақиятҳо орзумандем.                                                                                                         

Парвина Самандарзода,

радиои “Тоҷикистон”