Дар шаҳри Хуҷанд Фестивал-озмуни шаҳрии «Беҳтарин армуғон» баргузор гардид

Бо мақсади тарғибу ташвиқи анъанаҳои миллӣ ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Хуҷанд Фестивал-озмуни шаҳрии «Беҳтарин армуғон» баргузор шуд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар фестивал-озмун аз ҷониби ҳунармандон кашидадӯзӣ, қуроқбофӣ, атласу адрасбофӣ, кундалнигорӣ ва наққошӣ, кулолгарӣ ва аъҷубасозӣ, коргардӣ санг, чарм, чӯб ва дигар ҳунарҳои мардумӣ пешниҳод шуданд.

Ҳадафи Фестивал-озмуни  «Беҳтарин армуғон» рушди ҳунарҳои миллӣ, эҳёи корҳои дастӣ ва хонагӣ, боло бурдани сифати маҳсулоти ҳунармандӣ, рақобатпазир гаштани онҳо дар бозори ҷаҳонӣ ва муайяну дастгирӣ намудани беҳтарин занони ҳунарманд мебошад.