Омодагӣ ҷиҳати татбиқи барномаҳои муштарак дар соҳаи навоварӣ ва зеҳни сунъӣ дар мулоқоти роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазири маориф, илм ва навоварии Ҷумҳурии Узбекистон дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Мусоҳибон масъалаҳои мубрами соҳаҳои афзалиятнок ва роҳҳои густариши ҳамкории мутақобилан судманди дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
Инчунин омодагии худро ҷиҳати татбиқи барномаҳои муштарак дар соҳаҳои навоварӣ, зеҳни сунъӣ, стартапҳо ва мусоидат ба фаъолияти намояндагони бахши хусусии ин соҳаҳо дар ҳар ду давлат иброз доштанд.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон