14 март дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши бошукуҳи идона доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиши мазкур сафирони Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Ироқ, Ҳиндустон, Покистон, Туркманистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, намояндагони котибот ва сохторҳои мухталифи ЮНЕСКО, вазорату идораҳои Фаронса, дигар ташкилоти байналмилалии муқими ин давлат, доираҳои илмӣ-фарҳангӣ, инчунин тоҷикони муқими Фаронса ва дӯстони Тоҷикистон иштирок намуданд.
Намояндагии доимии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО мизи миллиро бо таомҳои тоҷикӣ ороста, бо мақсади муаррифии бештари мамлакат маводу аксҳои таблиғотиро оид ба Тоҷикистон ба маъраз гузошт.
Ба меҳмонон барномаи фарҳангӣ бо таронаву рақсҳои миллӣ намоиш дода шуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон