ҶАМЪБАСТИ  ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ “САД РАНГИ ЧАКАН”

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев даври ҷамъбастии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» дар сатҳи баланд баргузор шуд.

Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму оинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ  аз соли 2018 инчониб дар мамлакат ташкил ва баргузор карда мешавад.

Дар даври ҷамъбастии фестивал ғолибони се даври аввал аз тамоми манотиқи Точикистон, беҳтарин ҳунармандон, чакандӯзон, сӯзанидӯзон, тарроҳон аз вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Бадахшон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи чумҳурӣ ширкат варзида, намунаи олии ҳунари хешро манзури ҳаводорони нақшу нигори миллӣ намуданд.   

А. Ҳасанов