Масъалаи зиёд намудани хатсайрҳои парвоз байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд

11 март вохӯрии Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин Тсзи Шумин баргузор гардид.

Зимни мулоқот зиёд намудани хатсайрҳо, кушодани парвозҳои мустақим байни пойтахтҳои ду давлат ва рушд додани соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ гардид.

Тсзи Шумин иброз дошт, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин нақша дорад, ки бо мақсади рушди сайёҳии ду давлат парвозҳои мустақимро тавассути дигар фурудгоҳҳои кишвар низ амалӣ намояд.

Масъалаи рушд ва рақобатпазир намудани соҳаи авиатсияи граждании мамлакат яке аз нақшаҳои асосии Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки айни ҳол дар масири Душанбе-Урумчи парвози мустақим анҷом дода мешавад.