Агар дар забони мардуми ҷаҳон муқаддастарин вожа Ватан бошад, пас вожае, ки дар ростояш метавон гузошт, танҳо вожаи Модар аст. Ва агар дар забони мо муқаддастарин вожа Модар аст, вожае, ки дар баробари он метавон гузошт- танҳо вожаи Ватан аст. Ин вожаҳои муқаддастарин дар забони ҳар қавму миллат ҳамеша бо ҳам ва тавъам будаанд. Ин ду вожаро ҳамеша бояд бо ҳарфҳои бузург бинавишт ва бо коми шуста ба забон бигирифт, зеро чизе муқаддастар аз онҳо дар рӯзгори инсон вуҷуд надорад.
«Нанг, номус, шараф, ифтихор, садоқат, ҷавонмардӣ … ин мафҳумҳои баланду дурахшон танҳо дар радифи ин ду вожаи муқаддас мақоми шоиста доранд: Ватан – Модар, Модар – Ватан»,-чунин нигоштааст Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло.
— Ҷони инсон шариф аст, қиматтарин махзани ҳастии ӯ, буду шуди ӯст, ки чизе ҷояшро наметавонад бигирад, аммо онро танҳо барои Ватан ва Модар метавон бедареғ фидо намуд, зеро қиматтар аз ҷон танҳо Ватан ва Модар аст.
Арҷгузории миллати мо ба модар ҳам дар китобҳои динӣ, ҳам дар осори адибону бузургонамон ва ҳам дар тамоми суннату ойинҳо ва одоби миллии халқамон хеле дурахшону муҷалло тасвир гардидааст.
Модар пешаи офаридгорӣ дорад, баъд аз Худованд бо ҳукми Худованд фақат ӯст, ки моро ба ҷаҳон меорад, ба мо ҷисму ҷон медиҳад. Оё пешае бузургтар аз ин ҳаст?
Мо агар ҳамаи мардони рӯи оламро ба ҳам орем, ҳаргиз неруи як зан-модарро натавонанд дошт, зеро Модар инсонро ба ҷаҳон меорад.
Модар аст, ки давоми умр аз вуҷуди хому нокомили мо инсон меофарад, моро пайваста аз завқу муҳаббату хайрхоҳии худ бунёд менамояд, хулқу хӯй, одобу дониш, хислатҳои ҳамидаи ҷавонмардию инсонпарварӣ ва ватандӯстиро дар вуҷудамон ҷо менамояду парвариш медиҳад.
Метавон ин рисолату сифатҳо ва хизматҳои модарро хеле идома дод. Инҳо ҳама далели бузургӣ ва муқаддас будани модар ҳастанд.
Аммо ин ҳам поёни сухан нест. Хусусан дар мавриди шахсият, бузургӣ ва беҳамтоии Зан-Модари тоҷик метавон далелҳое овард бебаҳсу раднопазир.
Боиси эҳтироми баланд ва сарфарозии мо аст, ки Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки сиришти муҷаллои ватандӯстона доранд, эҳтирому арҷгузории баланд ба модар низ роҳнамояшон аст. Яъне, дар фаъолияти сарварии Пешвои миллати мо вожаи Ватан, муҳаббати Ватан тавъамон бо вожаву муҳаббати Модар ба таври дурахшон падид омадааст. Ин падида, яъне муҳаббати Ватан тавъамон бо муҳаббати Модар ҳамеша дар ҳама баромаду суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ҷилвагар аст.
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, ки дар анҷоми соли 2024 пешниҳод шуд, бори дигар ҷилои ин муҳаббатро, ки аз сиришти Сарвари давлатамон бо ҳама самимият ва дурахш берун омадаю дар сиришти ҳамаи мардуми мамлакат ҷо гардид, табъҳоро равшану мунаввар сохт, бо чашми худ дидему шоҳид будем. Ҳангоми пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ дар суханронии Президенти Тоҷикистон самимият ва муҳаббат то ҷойе буд, ки баландтарин эҳсосу муҳаббатро нисбат ба Модар дар дили тамоми шунавандаҳо бедор менамуданд, суханҳое буданд аз дили софу муҳаббати баланд дар моварои ашкҳои зулоли инсонӣ.
Маҳз ҳамин муҳаббату эҳтироми беҳамтои Пешвои миллатамон нисбат ба модари тоҷик буд, ки дар сиёсати давлатдории тоҷикон имрӯз мақому манзалати занон ҷойгоҳи хоссаро ишғол менамояд. Аз ҷумла, Президенти Тоҷикистон таъкид намудаанд, ки «дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми Зан–Модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад».
Бовару эътимоди Президенти Тоҷикистон ба занону модарон бе асос нест, зеро таҷрибаи қариб 35-солаи давлатдорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ нишон дод, ки «занону модарон ва духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани насли солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманд мегузоранд».
Бояд гуфт, ки он ҳама комёбиҳо ва мавқеи бузурге, ки имрӯз занону модарони тоҷик ба он расидаанд, ҳосили сиёсате аст, ки аз ҷониби Президенти Тоҷикистон ҳанӯз аз нахустин рӯзҳои давлатдорӣ пеш гирифта шуд. Ғамхории Пешвои миллат, роҳнамоии пайвастаашон ба занони тоҷик, фаъолон, намояндагони ҷомеа, ибрози назари кушоду равшанашон бо занон аз масъалаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа буд, ки имрӯз занону модарони мо по ба пои мардон саҳми бузурги худро дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва рушди ҷомеа мегузоранд. Мо шоҳидем, ки қабули саривақтӣ ва бамавриди қонунҳои миллӣ – «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», қонунҳое, ки бо такя ва бовар ба занону модарони тоҷик рӯи кор омадаанд, чӣ самараҳои нек додаанд. Ва ин бе замина нест, зеро чунонки Президенти Тоҷикистон баён доштанд, «занон эҳёкунандаю нигоҳдоранда ва тарғибкунандаю посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳои асилу бостонии халқамон мебошанд».
Модари тоҷик бадунёоварандаю тарбиятдиҳандаи олимону донишмандони бузург ва адибони ворастаи башарӣ мебошад. Он забоне, ки мо имрӯз бо он ифтихор менамоем, ки забони бузургони илму адаб аст, ҳамон забоне аст, ки модари тоҷик аз хурдсолӣ вожа-вожаву ҳарф ба ҳарф ба забони фарзандон гузоштаю таълимашон додааст.
Эҷодгару нигоҳдорандаи даҳҳо маросиму ойину суннатҳо ва ҳунарҳои миллии мо, ки имрӯз дар саросари ҷаҳон истиқбол ёфта, маҳбубият доранд ва мақоми байналмилалӣ гирифтаанд, низ бо шарофати эҷодкорию заҳматҳои Зан-Модари тоҷик аст. Ин ҳамон Зан-Модаре аст, ки ҳанӯз аз замонҳои мозӣ дар ҳавлию хонадони худ дастгоҳҳои бофандагию дӯзандагӣ доштаю аз боғдорӣ то ба зироаткорию чорвопарварӣ ҳама ҳунарро доштааст. Оре, маърифати хонаводагии Зан-Модари тоҷик аз имтиҳони таърих, аз санҷиши асрҳо сарбаландона гузаштаю пирӯзмандона ба имрӯз расидааст.
Ин гуфтаҳо андаке аз он аст, ки метавон дар ситоиши Зан-Модари тоҷик, нақши таърихии ӯ дар бунёди фарҳанги инсонии замонҳо иброз дошт. Ҳамин Зан-Модари бузургвор аст, ки имрӯз пас аз гузашти асрҳо бо руҳияи нави созанда саҳми бузурги худро дар бунёд, таҳким ва рушди истиқлоли давлатии халқу сарзамини худ мегузорад.
Беҳуда нест, ки ҳамаи бузургони ҷаҳон бо муҳаббату самимияти баландтарин модарро ситоиш ва зеботарину дурахшонтарин дурри суханро нисори қудуми модарон намудаанд.
Нависандаи маъруфи ҷаҳонӣ Оноре де Балзак навиштааст: “Ояндаи миллат дар дасти модарон аст”.
Дар ин радиф навсандаи машҳури дунё Халил Ҷуброн мегӯяд: “Модар зеботарин вожаест, ки инсон ба забон овардааст”.
Нависандаи номдори рус Максим Горкий низ ба ин гуфтаҳо ҳамроҳ гардида, гуфтааст: “Бе офтоб гулҳо, бе муҳаббат хушбахтӣ, бе зан ишқ, бе модар инсон вуҷуд надоранд!”.
Бале, чунонки бузурги дигаре нигоштааст: “Дасте, ки гаҳвораро меҷунбонад, дунёро сарварӣ менамояд. Ва ин даст, бешубҳа, дасти Модар аст”.
Хушбахтона, чунонки гуфтем, имрӯз аҷгузорӣ ба Зан-Модар ва ғамхорию дастгирии онҳо дар мадди аввали сиёсати давлатдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хосса, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ин арҷгузорӣ масъулияту муҳаббати ҳамешагии моро нисбат ба занону модарон ва хоҳарони азизамон шукуҳмандтар мегардонад.
Ман, ки Модар гуфтаам, Модар Ватан буд,
Ман Ватан гуфтам, Ватан буд модари ман.
Чунки бе ҳарду ҷаҳон маъно надорад,
Чунки аз ҳарду бувад файзи дари ман.
АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз
khovar.tj