Дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол занон дар баробари мардон барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, хусусан соҳаи маориф ба фаъолияти пурсамар машғул буда, дар таҳкими дастовардҳои Истиқлолу бунёди давлатдории миллӣ саҳми сазовор мегузоранд. Ин матлабро 4 март зимни ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи Модар ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Сироҷиддин Ҷурахонзода баён намуд.
Иброз гардид, ки дар тамоми давраҳои таърихии миллатамон қадру қимати зани тоҷик ҳамеша баланд буд ва нақши онҳо дар инкишофи тамаддуни фарҳанги миллӣ басе бузург аст. Бо ташаббус ва ибтикори Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд тадбирҳои мушаххас, қабул намудани барномаи давлатӣ оид ба ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занон, бунёди хобгоҳҳо барои донишҷӯдухтарон, ҷудо намудани гранти президентӣ барои институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва қабули духтарон тибқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои олии касбӣ амалӣ мешавад.
Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидова иброз дошт, ки имрӯз фаъолияти занон дар пешбурди соҳаи санъати тасвирӣ низ шоиста арзёбӣ мешавад. Аз ҷумла, дар пешбурди кори Иттифоқи рассомон ва бахшу шуъбаҳои шаҳрию ноҳиявии он занон мақоми густурда доранд, ки ин аз фаъолияти самараноки онҳо дар низоми фарҳангу санъати мамлакат дарак медиҳад.
Занону модарони тоҷик, ки имрӯз дар фазои сулҳу субот ҳаёт умр ба сар мебаранд, бояд донишу малака ва ҳунару истеъдоди худро барои пешрафту шукуфоии Ватан сарф намоянд.
Дастаи ҳунармандони Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи Малика Собирова, Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба хотири гиромидошти Зан-Модар барномаи фарҳангии иборат аз рақсу суруд ва саҳначаҳои тарбиявӣ намоиш доданд.
АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон