«Модар-чашмаи меҳр»- таҳти чунин унвон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ идома дорад. Дар доираи он намояндагони кумита ба дидани якчанд нафар собиқадорон ва занони арсаи сиёсат рафта, ҳамчун нишони эҳтиром ба онҳо гулу либоси миллии чакан ҳадя менамоянд.
Мақсад аз тақдими либоси миллии чакан ба занон муаррифии фарҳанги миллат буда, эҳтиром ба либоси миллӣ ифодагари тамаддуни ҳар мамлакат аст. Арзиши воло доштани либоси миллии мо дар он зоҳир мегардад, ки соли 2018 чакани тоҷикӣ ба Феҳристи меросии ғайримоддии ЮНЕСКО дохил гардид. Арзиши атласу адрас низ, ки давоми таърих вижагию унсурҳои худро нигоҳ доштааст, аз ин кам нест.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мақому манзалати занону модарони тоҷик чунин иброз намудаанд: «Дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар фарзанди бедордил ва бонангу номус мебошад. Зан-модар ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шукуфо буда, ба оғози фасли баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне ҷашни Наврӯз тавъам омадани Рӯзи Модар дар мамлакати зебою офтобии мо рамзи нек аст. Яъне, соли нави мо бо арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми модарону занони иззатманду меҳрубони мо шуруъ мешавад».
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон