НИШАСТИ МАТБУОТӢ: Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 153,4 млрд сомонӣ  баробар гардид

Дар нишасти хабарии Вазорати молияи мамлакат гуфта шуд, ки мутобиқи маълумоти расмии оморӣ дар моҳҳои январ — декабри соли 2024 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 153,4 млрд сомонӣ ва суръати афзоиши он ба 8,4 фоиз баробар гардид. Дар иртибот ба рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар сатҳи 104,1 фоиз таъмин карда шуда, ба буҷети мазкур зиёда аз 46,9 млрд сомонӣ ворид гардид. Дар ин давра иҷрои нақшаи даромади ҷории буҷети давлатӣ бо дарназардошти грантҳо барои дастгирии буҷет дар сатҳи 109,2 фоиз таъмин гардида, воридоти маблағҳо 33,5 млрд сомониро ташкил дод.

Ҳамзамон, дар идомаи нишаст гуфта шуд, ки дар доираи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои додани иҷозат ба шахсони воқей барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ» аз 27 ноябри соли 2019, танҳо дар соли 2024 ба 379 нафар муроҷиаткунанда ҳуҷҷати иҷозат барои истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданоки пошхўрда боусули худфаъолӣ ва худбиёрӣ дода шуд.

Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» аз ҷониби вазорат ҳамчун мақоми ваколатдор, дар баробари додани иҷозатнома дар дигар самтҳо,  43 адад шаҳодатнома барои машғул шудан ба фаъолияти сохтани маснуоти заргарӣ аз металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо дода шуд.

А. Ҳасанов