ОМОР:  Ташрифи 1 миллиону 400 ҳазор нафар сайёҳи хориҷӣ дар соли  2024

Дар нишасти  матбуотии Агентии омори назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар доираи амалигардонии «Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2024», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2023-юм, тасдиқ шудааст,  дар маҷмуъ   8636 кори оморӣ ба анҷом расонида шуд, аз ҷумла, 1613 кор ба омори саноат ва сармоягузорӣ дар сохтмон, 2574 кор ба омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист, 524 кор ба омори молия, 756 кор ба омори бакайдгирии нархҳо ва тарифхо, 132 кор ба омори таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо, 904 кор ба омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоӣ. 1310 кор ба омори захираҳои моддӣ, савдо ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва 823 кор ба омори наклиёт, алоқа, хоҷагии манзилию коммуналӣ, хизматрасонии пулакӣ тааллуқ дорад, ки аз иҷрои пурраи барномаи корҳои оморӣ шаҳодат медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ шакли №4- «Ҳисобот оид ба шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сайёҳат ворид гардидаанд, таҳия карда шуда маълум гардид, ки дар соли сипаришуда ба  мамлакат 1 миллиону 400 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ ташриф овардаанд.

Инчунин,ҷиҳати такмил додани баҳисобгирии омории соҳаи сайёҳӣ лоиҳаи шакли нави ҳисоботӣ — Шакли №1 (боздиди сайёҳон аз осорхона ва ёдгориҳои таърихӣ)  таҳия ва тасдиқ гардида, ҷамъоварии маълумотҳо шурӯъ аз соли 2025 оғоз ёфтааст ва минбаъд ҳар се моҳ, шумораи сайёҳоне, ки аз осорхонаҳо ва ёдгориҳои таърихии мамлакат дидан мекунанд, ҷамъоварӣ карда мешавад.

А. Ҳасанов