“Баргузории бомуваффақонаи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилали амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар шаҳри Душанбе ва қабули қатъномаи дахлдори СММ дар бораи “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” аз руйдодҳои муҳими соли сипаришуда ба ҳисоб меравад” гуфта шуд зимни нишасти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии мамлакат.
Ҳамчунин дар ҷараёни нишаст яке аз рӯйдодҳои хотирмон дар соли гузашта, ин дар иҷлосияи 19-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои фарҳангии ғайримодии Юнеско дохил шудани наминаҳои муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷашни Меҳргон” дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, ва “Санъати сохтан ва навохтани рубоб” ҳамроҳ бо кишвраҳои Эрон, Афғонистон ва Узбекистон ба Феҳристи мероси ғайримодии Юнеско арзёбӣ гардид.
Илова бар ин, таъкид шуд, ки Тоҷикистон дар соли 2024 ҷиҳати ироаи ташабусҳои нав дар Созмони миллал иқдом гирифт, ки се ташаббуси навро пешниҳод намоянд, ки тавассути қатъномаҳои дахлдор қабул гардиданд. Инҳо, “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера барои солҳои 2025-2034”, “Рӯзи байналмиллаии Морхӯр” ва эълони “Рӯзи ҷаҳонии футбол” мебошанд.
Ин ташаббусҳо ифодагари нақши боризи кишвар дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳову гуногунии табиат ва варзиш дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.
А. Ҳасанов