Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ва волидайни сарбозон бо мақсади шиносоӣ аз шароити хизмат ва буду боши афсарону сарбозон ба қисми ҳарбии 0203-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар дар мавзеи Исрофилободи ноҳия ташриф оварда, бо сарбозону афсарон вохурӣ анҷом доданд.
Падару модарон дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагӣ ва фаъолияти ҳарбии сарбозон аз шароити хобгоҳ ва дигар гӯшаҳои марбут ба ҳаёти сарбозон, ки тамоми имкониятҳои зарурӣ муҳайё мебошад. дидан карданд.
Мунтазам идома ёфтани чунин мулоқоту вохӯрии волидон бо сарбозон дар заминаи сиёсати мувафақу созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷӯҳу ғамхориҳои рӯзафзуни роҳбари давлат амалӣ гардида, ин раванд эътимоди сокинонро ба нерӯи ҳимоятгари марзу буми кишвар боз ҳам тақвият бахшида, ҷиҳати тарғибу ташвиқи ғояҳои ватандӯстона ва сафарбарии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат мусоидат менамояд.
Дар аснои дидорбинӣ барои сарбозон хони идона ороста шуда, ҳангоми машварату ҳолпурсӣ доир ба иҷрои қарзи шаҳрвандии сарбозон, ки рисолати ватандӯстона ва мояи ифтихори ҳар ҷавонмарди ғаюру далери кишвар аст, тавсияҳои судманд доданд.
Дар қисмати хотимавӣ аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби фарҳангӣ иборат аз суруду таронаҳои ватандӯстона дар фазои фараҳбахши дӯстона пешниҳод гардид.
А. Ҳасанов