ИСТИҚБОЛ АЗ ИСТИҚЛОЛ: ДАР КӮЛОБ БУНЁБДИ 494 ИНШООТИ ГУНОГУНТАИНОТ БА НАҚША ГИРИФТА ШУДААСТ

Шаҳри бостонии Кӯлоб – чун як гӯшаи Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз дар марҳилаи рушду пешрафт қарор дорад. Сокинонаш бо изҳори қаноатмандиву шукргузорӣ аз фазои орому осуда ва ташаббусу дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллӣ дар шароити осоиштаи диёр зиндагӣ ва фаъолияти созанда доранд.  Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои шоиста давра ба давра ин шаҳри бостонӣ ба худ симои нав гирифта, рушди бомароми соҳаҳо ба тадриҷ таъмин гашта истодааст.

Бо мақсади истиқболи шоиста аз ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб бунёди 494-иншоот ба нақша гирифта шудааст. Аз ин теъдод иншооти бунёдшаванда дар соҳаи маориф-86, тандурустӣ-51, саноат-42, варзиш-19, сайёҳию хизматрасонӣ-51, савдо-42, биноҳои баландошёна ва маъмурӣ 38 ва дигар иншоот дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии ҳалқ нақшагузорӣ шуда, давра ба давра бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Қомат афрохтани биноҳои гуногуни баландошёна дар маркази шаҳр бори дигар ҳусни зоҳирии ин шаҳри бостониро зиннати хоса бахшида, ҳамзамон талаботи сокинонро ҷиҳати дастрасӣ ба хонаҳои хуштарҳу замонавӣ қонеъ мегардонад. 

Тибқи маълумотҳо аз маҷмӯи иншооти бунёдшавандаи ҷашнӣ то кунун 210-иншоот мавриди истифодабарӣ қарор дода шуда, айни ҳол дар 169-иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бо маром ҷараён доранд.  Бо вусъат ёфтани бунёдкориҳо ва марҳила ба марҳила мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти гуногунтаинот шароити мусоиди фаъолият, имкониятҳои муосири таълиму тарбия ва касбомӯзии наврасону ҷавонон фароҳам гашта истодааст.

Ҳамзамон, дар шаҳри Кӯлоб доир ба рушди соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, маорифу тандурустӣ, фарҳанг, сохтмон, роҳу нақлиёт, кишоварзӣ, варзиш ва дигар соҳаҳои муҳими давлатдорӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шуда, то рафт дастовардҳои зиёд падид омада истодаанд.

А. Ҳасанов