“ТОҶИ СОМОН” — ҶАЛБКУНАНДАИ САЙЁҲОН БА ТОҶИКИСТОНИ ОФТОБӢ

“Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ҷалби соҳибкорону сарпарастон дар шаҳри Ваҳдат кинотеатри “Ҳилолӣ”  ва дар ноҳияи Рӯдакӣ кинотеатри “Баҳор”- ро тибқи талаботи замон  ва муҷаҳҳаз бо техналогияи кинонамошдиҳии муосир то таҷлили 35 — солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба истифода медиҳад, ки барои намоиши филмҳои миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад” — ин нуктаро   зимни нишасти матбуотӣ директори   Муассисаи  давлатии “Тоҷикфилм” ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ҳамзамон, зикр шуд, ки дар асоси “Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023- 2027” ва нақшаи амалии он барои солҳои 2023- 2025 аз 77 адад филмномаи пешниҳодшуда ба шурои бадеии муассиса тавассути питчинг 4 филми ҳунарии пурра, 10 филми мустанад, 2 филми кутоҳ 1 филми тасвирӣ ва 3 филми ҳунарии муштарак наворбардорӣ гардиданд.

Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ баргузории синамоҷашнвораи 2-юми миллии “Тоҷи сомон” яке аз дастовардҳои беназири соҳа ба ҳисоб меравад, ки баргузории ин ҷашнвора дар ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишвари мо нақши созгор мегузорад.

А. Ҳасанов