НИШАСТИ МАТБУОТӢ: ДАР СОЛИ 2024 12 000 НАФАР ШАҲРВАНДОН КУРСҲОИ КУТОҲМУДАТИ КАСБОМӮЗИРО ХАТМ НАМУДАНД

“Тавре аз Паёми Президенти мамлакат бармеояд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба касбомӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандони бешуғл тамоми тадбирҳоро руйи кор гирифтааст ва айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 65 муассисаи таҳсилоти ибтидои касбӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо аз рӯи 14 самт ва 135 ихтисос кадрҳои соҳибкасби коргарӣ омода карда мешавад” – зикр дошт, раиси Кумита оид ба таҳислоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати мамлакат зимни нишасти хабарӣ.

Гуфта шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати соҳибкасб намудани шаҳрвандон “Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021- 2025” таҳия ва тасдиқ гардидааст , ки тибқи дурнамои он ҳамасола дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҳарчи бештар шаҳрвандон ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.

Дар ин давра 12 000 нафар шаҳрвандон аз рӯйи 50 касбу ҳунар, аз ҷумла касбу ҳунарҳои гулдӯзӣ, кашидадӯзӣ, атласу адрасбофӣ, кандакорӣ ва асмоли ин ҳунарҳо курсҳои кутоҳмудатро хатм намуданд , ки аз ин 1 ҳазору 484 нафари онро духтарон ташкил медиҳанд.

А. Ҳасанов