Дар нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳори фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карда шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ 639 ҳодиса ва ҳолатҳои фавкулоддаи дорои хусусияти табиӣ ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамзамон, гуфта шуд, ки дар ин давра бар асари офатҳои табиӣ дар маҷмӯъ беш аз 300 хона, 12 мактаб ва муассисаҳои томактабӣ, иншоотҳои маишиву маданӣ, роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта, хатҳои интиқоли барқ ва заминҳои кишти зироатҳои хоҷагии қишлок зарар дидаанд. Дар иртибот ба ин, дар давраи ҳисоботӣ бо дастури Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси фармоишҳои дахлдори Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулода аз ҳисоби Фонди хароҷоти пешбининашудан Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва захираҳои моддии давлатӣ барои оилаҳои аз офатҳои табиӣ зарардида, кумакҳои яквақтаинаи моддӣ, инчунин, барои сохтмон ва барқарорсозии хонаҳои пурра ва қисман зарардида, масолеҳи сохтмонӣ, маводҳои ғизоӣ ва ғайриғизоӣ ба маблағи умумии 50 миллиону 570 ҳазор сомонӣ чудо гардида, дастрас карда шуданд.
Дар ҷараёни нишаст вобаста ба корхои кофтуковию наҷотдиҳӣ, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Кумита ба ҳисоб меравад, зикр шуд, ки соли 2024 наҷотдиҳандагони Кумита 896 баромади фаврӣ-амалиётӣ анҷом дода, дар натиҷа 187 нафар шаҳрвандони ҷумҳуриро начот доданд.
А. Ҳасанов