Имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Pakistan Travel Mart 2025», ки аз 31 январ то 2 феврали соли 2025 дар шаҳри Қарочии Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид, муаррифӣ карда шуд.
Дар чорабинии мазкур ҳайати намояндагии кишвар бо роҳбарии Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ширкатҳои сайёҳии «ТУР ТҶ» ва «Сомон Эйр» бо пешниҳоди гӯшаи алоҳида иштирок ва зарфиятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.
Инчунин, бо мақсади муаррифии таомҳои миллӣ дар намоишгоҳ Оши Палав омода гардида, ҳамзамон, рақсу суруди миллии тоҷикӣ дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ гардид.
Бояд қайд намуд, ки ҷиҳати бозҳам муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва зиёд намудани шумораи сайёҳон вохӯрии ширкатҳои покистонӣ бо бахши хусусии ватанӣ сурат гирифт.
Дар доираи намоишгоҳ Губернатори Музофоти Синди Ҷумҳурии Покистон, Комрон Тисорӣ ва дигар ҳайати расмӣ аз гӯшаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, бо имкониятҳои сайёҳӣ, таърихиву фарҳангӣ ва табииву экологии кишвар шинос гардида, ба роҳ мондани ҳамкориҳоро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сайёҳӣ, ки дорои табиати зебову нотакрор ва таърихи пурғановат мебошад, бо маврид ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.
Ёдовар бояд шуд, ки дар чорабинии мазкур аз 45 кишвари ҷаҳон 250 ҳазор нафар иштирок намуда, баргузории намоишгоҳро дар густариши муколама ва таҳкими шарикӣ байни давлатҳои иштирокчӣ ҷиҳати муаррифии зарфиятҳои гардишгарӣ саривақтӣ донистанд.
А. Ҳасанов