Ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорию сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Кувайт баррасӣ шуд

Дирӯз дар шаҳри Кувайт вохӯрии ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо Вазири тиҷорат ва саноати Кувайт Халифа Абдулло Доҳӣ Ал-Аҷил Ал-Аскар баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо лоиҳаи харитаи роҳро оид ба боз ҳам густариш додани ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорию сайёҳӣ муҳокима ва мувофиқа намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар доданд.

Дар оғоз Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки натиҷаҳои музокироти сатҳи баланди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Кувайт муҳтарам Шайх Мишъал Ал-Аҳмад Ал-Ҷобир Ал-Сабоҳ ҳангоми сафари давлатӣ 3-4 ноябри соли 2024 ба ҳамкории дуҷониба такони нав бахшиданд.

Аз ҷониби Тоҷикистон барои ҷалби сармоягузории мустақими кувайтӣ ба соҳаҳои саноат, аз ҷумла истихроҷ, нассоҷӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин сайёҳӣ пешниҳодоти мушаххас манзур гардид.

Аз Вазири тиҷорат ва саноати Кувайт даъват шуд, ки дар Форуми байналмилалии заргарӣ 24-26 марти соли 2025 дар шаҳри Душанбе иштирок намояд.

Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо барои таҳкими равобити иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак изҳори омодагӣ намуданд.