«Сада – партави хуршедии истиқлол» – зери чунин унвон дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори яке аз ҷашнҳои бостонии халқи тоҷик – Сада конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Гуфта шуд, ки 6 декабри соли 2023 зимни иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО номинаи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон «Ҷашни Сада» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид ва ин иқдом барои мардуми тоҷик боиси ифтихор ва сарфарозӣ гашт.
Дар ҷараёни ҳамоиши илмӣ-назариявӣ мавзуъҳои “Сада – иди кибор”, “Сада дар “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ”, “Сабабҳо ва омилҳои фаромӯш шудани ҷашни Сада (то замони истиқлол)”, “Ҷашни Сада – аз эҳё то сабти ном дар ЮНЕСКО” ва “Анъанаҳои ҷашни Сада дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон” дар шакли маърӯзаҳои илмӣ аз ҷониби олимону пажуҳигарон мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода шуданд.
Дар охир миёни иштирокчиёни ҳамоиши илмӣ дар мавзуи «Сада – партави хуршедии истиқлол» муҳокима ва табодули афкор сурат гирифт.
А. Ҳасанов